Иттиҳодияи Урупо таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Русия тасвиб кард

  • 19 Декабр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Туск хостори "истротежии қотеъона ва масъулона" дар баробари "Русия ва раиси ҷумҳурии он" шудааст

Раиси Шӯрои Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, ки бо вуҷуди буҳрони молӣ дар Русия таҳримҳои кунунӣ алайҳи сиёсати он кишвар дар Укройн коҳиш нахоҳад ёфт ва аз сиёсати Русия ба унвони "мушкили истротежии аслии урупоиён" ном бурдааст.

Рӯзи панҷшанбеи 19 декабр Дунол Туск, нахуствазири собиқи Лаҳистон ва раиси Шӯрои Иттиҳодияи Урупо , дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бузургтарин чолиши кунунӣ дар баробари ин иттиҳодия "нигариши Русия натанҳо дар қиболи Укройн, балки нисбат ба кулли Иттиҳодияи Урупост."

Оқои Туск, ки дар пайи иҷлоси раҳбарони кишварҳои узви иттиҳодия сухан гуфт, аз кившарҳои урупоӣ хост, то "як истротежии қотеъона ва масъулона"-ро барои бархӯрд бо Русия ва "раиси ҷумҳурии он кишвар" иттихоз кунанд ва афзуд, ки буъди замонии ин истротежӣ "набояд маҳдуд ба чанд моҳ ва чанд сол бошад, балки бояд шароити баландмуддатро дар назар бигирад."

Раиси Шӯрои Иттиҳодияи Урупо аз тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи сиёсати Русия дар Укройн хабар дод ва таъкид кард, ки "мушкили истротежики кившарҳои урупоӣ, буҳрони Укройн нест, балки масъалаи Русия аст." Пештар раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо дар вокуниш ба ончи ки "идомаи сиёсати мудолхилаҷӯёнаи" Русия дар Укройн медонанд, як ришта таҳримҳои ҷадид алайҳи Русияро тасвиб карданд. Мусаввабаи ҷадид умдатан шомили мамнӯъияти сармоягузорӣ, тиҷорат ва иртибот бо нимҷазираи Криме ва бандари Севоступул дар ин минтақа аст.

Image copyrightAP
Image caption Мавозеъи раҳбарони Иттиҳодияи Урупо дар мавриди бархӯрд бо Русия ба ҳам наздиктар шудааст

Аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Укройн то баҳори соли ҷорӣ нимҷазираи Криме бахше аз хоки Укройн ва таҳти ҳокимияти давлати ин кишвар буд, аммо ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки Русия дорои пойгоҳи низомӣ дар бандари Севоступул бошад. Дар моҳи март, пас аз он ки "шибҳнизомиёни ношинос" марокизи ҳассоси Кримеро тасарруф карданд, порлумони маҳаллии Криме ба ҷудоии ин сарзамин аз Укройн ва илҳоқи он ба Русия раъй дод ва чанд рӯз баъд Владимир Путин,раиси ҷумҳури Русия, санади инзимоми Криме ба хоки ин кишварро имзо кард. Мақомоти Русия гуфтанд, ки Криме ҳамвора бахше аз хоки Русия будааст.

Пас аз инзимоми Криме шибҳнизомиёни ҷудоиталаб дар манотиқи умдатан руснишини шарқи Укройн низ шӯриш карданд ва хостори илҳоқи ин бахш аз хоки Русия шуданд. Даргирӣ байни онон ва нерӯҳои давлатии Укройн ҳамчунон идома дорад.

Кишврҳои ғарбӣ давлати Русияро ба ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ аз ҷудоиталабон ва ҳатто дахолати мустақим дар ҷанги дохилии Укройн муттаҳам карда ва хостори ҳаллу фасли ин буҳрон аз роҳҳои мусолиматомез шудаанд. Русия ҳар навъ кумаки низомӣ ба ҷудоиталабонро такзиб карда ва гуфтаст, ки онон гурӯҳе худҷӯш ҳастанд , ки барои иҳқоқи ҳаққи худ қиём кардаанд.

Image copyrightAP
Image caption Путин ваъда дода мушкилоти иқтисодии Русияро то ду соли дигар ҳал кунад.

Бара соси мусаввабаи ҷадиди Иттиҳодияи Урупо аз рӯзи 20 декабр шаҳрвандон ва ширкатҳои тобеъи кишварҳои узви иттиҳодия ҳаққи сармоягузорӣ ва хариди мулку ироаи хадамот ба Кримеро надорад ва муассисоти ҷаҳонгардии ин кишварҳо, бахусус тартибдиҳандагони сафарҳои дарёӣ, муҷоз ба ҳамли мусофир барои боздид аз ин минтақа нестанд ва киштиҳои урупоӣ, магар дар мавориди изтирорӣ наметавонанд ба банодири ин минтақа сафар кунанд. Фурӯши бархе ақлом ва аҷнос ба ширкатҳои сабтшуда дар Криме низ мамнӯъ аст.

Матолиби муртабит