Вазири дороии Русия: Таҳримҳо соле 40 милиёрд дулор ба мо зарар мерасонанд

  • 25 Ноябр, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Вазири дороии Русия муътақид аст, ки асароти таҳримҳои эъмолшуда аз сӯйи кишварҳои ғарбӣ ба иқтисоди Русия қобили мулоҳиза аст

Русия мегӯяд, ки дар асари таҳримҳои Ғарб бар сари буҳрони Укройн ҳудуди чиҳил милиёрд дулор дар сол зиён медиҳад.

Антон Силванов, вазири дороии Русия рӯзи душанбеи 24 ноябр дар суханронӣ дар як анҷумани иқтисодӣ дар Маскав гуфт, ки мардуми Русия бояд омодаи "маҳкамтар бастани" камарбандҳояшон бошанд.

Ӯ афзуд, ки коҳиши баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳам барои Русия 90 то 100 милиёрд дулор дар сол зарар дар пай дорад.

Баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 115 дулор дар ҳар бушка дар моҳи июн ҳамакнун ба 80 дулор дар ҳар бушка суқут кардааст.

Ҳудуди ду севуми даромадҳои Русия аз фурӯши гозу нафт ҳосил мешавад.

Вазири дороии Русия муътақид аст, ки асароти таҳримҳои эъмолшуда аз сӯйи кишварҳои ғарбӣ бар иқтисоди Русия қобили мулоҳиза аст. Ба гуфтаи ӯ таъсири ин таҳримҳо бар арзиши воҳиди пулии ин кишвар ба андозаи коҳиши қимати ақломи содиротии Русия хатарнок нест. Аммо ӯ таъйид кардааст, ки арзиши баробарии рубл , воҳиди пулии ин кишвар нузули 30-дарсадӣ доштааст.

Агарчи ӯ уфти арзиши рублро бештар марбут ба афзоиши қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ донистааст.

Ҳафтаи гузашта Алексей Кудрин, вазири дороии пешини Русия низ гуфт, ки таҳримҳо "расмӣ ва ғайрирасмӣ" таъсироти мухаррибе бар иқтисоди Русия гузоштааст

Кишварҳои ғарбӣ Русияро ба доман задан ба нооромиҳои Укройн, аз ҷумла ирсоли таслиҳот барои ҷудоиталабони ин кишвар муттаҳам мекунанд ва ба ҳамин далел таҳримҳоеро алайҳи он кишвар эъмол крадаанд.

Нахустин даври таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ дар пайи илҳоқи Криме ба Русия дар моҳи марти 2014 эъмол шуд ва аз он замон то кунун маҳдудиятҳои бештаре алайҳи мақомоти аршади русӣ, ширкатҳо, бонкҳо ва санъати нафти Русия дар назар гирифта шудаанд.

Рӯзи шанбеи гузашта Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки бо вазъи таҳримҳо алайҳи Русия ба дунболи тағйири режими он кишвар ҳастанд.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия низ гуфт, ки он кишвар бояд дар муқобили як "инқилоби рангӣ" аз худ муҳофизат кунад.

Русия ҳар гуна ҳимоят аз ҷудоиталабони Укройнро ҳамвора такзиб кардааст, вале Ноту ахиран эълом кард, ки шавоҳиди инкорнопазире аз эъзоми нерӯ ва таслиҳоти русӣ ба шарқи Укройн дар ихтиёр дорад.