Иқтисоди Русия бар лабаи партгоҳ

  • 18 Декабр, 2014
Image copyrightAP

Бо чанд адад ва рақами сода мешавад тавзеҳ дод чаро суқути қимати нафт ва таҳрими кишварҳои ғарбӣ иқтисоди Русияро ба марзи нобудӣ кашонда.

Кулли содироти Русия дар ҳар сол ҳудуди 530 милиёрд дулор аст ё 339 милиёрд пунд. Ду севуми ин рақам содироти нафту гоз аст. Кам шудани ин даромад яъне тарози манфии ваҳшатноки Русия дар мубодилоти тиҷорӣ ва молӣ бо бақияи дунё. Ба ҳамин хотир аст, ки Бонки Марказии Русия пешбинӣ кардааст имсол ва соли оянда беш аз 100 милиёрд дулор сармоя аз ин кишвар хориҷ шавад.

Аз сӯйи дигар, ҳазинаҳои умумӣ тақрибан батамомӣ аз даромади содироти энержӣ таъмин мешвад. Агар ин даромад набошад, он тавр, ки Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, бидеҳии давлати Русия ҳар сол беш аз 10 дарсад зиёд мешавад.

Ин тарози манфии азим ва фоҷиъаофарин дар ҳавзаи ҳазинаҳои умумӣ ва тиҷорат тавзеҳ медиҳад, ки чаро сармоягузорон ба ҳеҷ қимате ҳозир нестанд суроғи рубл бираванд.

Ва тоза таҳримҳои Ғарб ҳам ҳаст. Муҷозоти сахте, ки урупоиҳо ва омрикоиҳо барои моҷароҷӯиҳои Путин дар Укройн дар назар гирифтаанд. Ин таҳримҳо кори иқтисоди ғайринафтии нисбатан кучаки Русияро барои ин ки кишварро аз ин маҳлака берун бикашад, сахттар мекунад.

Бо ин васфи аҷиб нест, ки арзиши рубл дар соли ҷорӣ нисф шуда, тақрибан муврозии уфти қимати нафт.

Image copyrightBBC World Service

Дар ин шароит ҳама нигарони таварруми лаҷомгусехтаанд. То ҳамин ҳоло ҳам бар мабнои омори расмии қиматҳо беш аз 9 дарсад ба нисбати соли қабл боло рафта. Ва тоза ин ниме аз кобуси як буҳрони иқтисодии тамом айёр аст: Бонки Марказии Русия пешбинӣ карда соли оянда иқтисоди ин кишвар чизе наздик ба 5 дарсад кучак шавад.

Бе далел нест, ки мақомҳои Бонки Марказӣ тасмим гирифтанд нархи баҳраро аз 10.5 дарсад ба 17 дарсад афзоиш диҳанд, иқдоме ки ҳатто бо дарназар гирифтани ҳамаи ин шароит ҳам чашмгир аст.

Афзоиши нархи баҳра мумкин аст ҷилави суқути арзиши рублро бигирад. Аммо ҳамон қадар ҳам мумкин аст боъис шавад сармоягузорҳо мутмаъин шаванд, ки давлат дар бобари ин суномии бозор нотавон аст.

Паёмадҳои ҷаҳонӣ Русия ҳанӯз варшикаст нашуда. Авосити соли мелодии ҷорӣ Сандуқи Байналмилалии Пул тахмин зада буд, ки чизе муъодили як сол воридоти захираи арзӣ дошта бошад. Эҳтимолан он тахмин бо шароити ҷадид ҳудуди 10 моҳ аст. Аммо ҳамин даҳ моҳ ҳам билохира ҳошияи амниятӣ аст.

Image copyrightReuters

Аммо паёмади ин моҷаро барои дигарон чист? Нуктаи аввал ин ки ба ҳар ҳол коҳиши тақозои Русия дар бозорҳои ҷаҳонӣ хабари хубе нест. Он ҳам дар шароите, ки иқтисоди ҷаҳонӣ - бо рукуди Урупо ва кунд шудани рушди Чин - дурнамои чандон дилангезе надорад.

Нуктаи дигар албатта талаби бонкҳои хориҷӣ аст, рақаме ҳудуди 346 милиёрд дулор, бо дар назар гирифтани тахминҳо, ки рақами кучаке нест, аммо хатари хонумонсӯз ҳам нест.

Илова бар инҳо, ҳудуди 500 милиёрд дулор авроқи баҳодори Русия ҳам ҳаст, ки ҳудуди як севумашон моли давлати ин кишвар аст. Дар нигоҳи сармоягузорон ин авроқи баҳодор ба қавли маъруф "муфт гарон аст" ҳатто агар муассисоти санҷиши эътибор расман чунин чизе нагуфта бошанд.

Дар як калом мешавад гуфт Русия "нашти" ҷиддии пул дорад. Агар давлати ин кишвар бо Ғарб сари масъалаи Укройн ба навъе мусолиҳа нарасад, ки ба назар намерасад дар ояндаи наздик бирасад, маълум нест чи касе ва чи гуна ҷилави ин сурох, ин "нашти ҷиддиро" бигирад.

Матолиби муртабит