Ширкати "Apple" фурӯши маҳсулоти худ ба Русияро мутаваққиф кард
Image copyrightReutersСуқути арзиши пули Русия боиси таваққуфи фурӯши маҳсулоти ширкати компютерии "Apple"ба харидорон дар он кишвар шудааст.
Рӯзи чаҳоршанбе, 26 озар (17 декабр) ширкати "Apple"эълом кард, ки ба далели навасоноти шадид ва ғайриқобилипешбинии нархи рубл - пули миллии Русия - дар баробари арзҳои хориҷӣ фурӯши интернетии маҳсулоти худ ба муштариён дар Русияро ба ҳолати таълиқ даровардааст.
Коҳиши арзиши пули миллии Русия ба хусус дар ҳафтаҳои ахир ва дар натиҷаи он афзоиши баҳои аҷноси воридотӣ боис шудааст, ки харидорони русӣ дар садади хариди колоҳои воридотӣ бароянд, пеш аз он ки баҳои онҳо бештар шавад. Ба ҳамин далел ширкати "Apple"ҳам бо ҳуҷуми муштариёни русӣ барои хариди интернетии маҳсулоти худ мувоҷеҳ буда, дар ҳоле ки итминон вуҷуд надоштааст, ки арзиши рубли дарёфтӣ дар баробари арзҳои муътабари хориҷӣ чӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин бо вуҷуди ин ки "Apple"қимати аҷноси худ дар Русияро ахиран 20 дарсад афзоиш дод, ба далели коҳиши сареъи нархи баробарии рубл баҳои маҳсулоти "Apple"ба харидорони русӣ ҳамчунон дар муқоиса бо баҳои онҳо дар кишварҳои дигар камтар аст.
Тасмими "Apple"дар ҳоле эълом мешавад, ки дар муомилоти бозори арз дар рӯзи чаҳоршанбе арзиши рубл дар баробари дулор тайи ҳафтаи ҷорӣ ба беш аз бист дарсад коҳиш ёфта ва иқдоми рӯзи гузаштаи бонки марказии Русия барои мутаваққиф кардан ин раванд низ таъсири чандоне надоштааст.
Рӯзи гузашта Бонки марказии Русия дар талош барои ҷалби супурдаҳои хориҷӣ ва қонеъ кардани соҳибони сармоя дар Русия ба худдорӣ аз табдили рубл ба арзҳои муътабари хориҷӣ нархи баҳраи бонкиро аз 10-у ним дарсад ба 17 дарсад афзоиш дод. Нархи баҳраи бонкӣ авоили соли ҷорӣ панҷу ним дарсад буд, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ ва кӯтоҳ муддате пас аз таҷзияи Кириме аз Укройн ва инзимоми он ба Русия ба манзури ҳимоят аз нархи баробарии рубл ба 7 дарсад ва пас аз он ҳам ба тадриҷ то 10-у ним дарсад афзоиш ёфта буд.
Раванди суқути арзиши пули миллии Русия аз авоили тобистони соли ҷорӣ ва дар пайи буҳрони Укройн ва тасмими кишварҳои ғарбӣ ба таҳрими ин кишвар оғоз шуд ва бо коҳиши чашмгири баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва эҳтимоли ташдиди таҳримҳои хориҷӣ суръати бештаре гирифтааст.
Дар муъомилоти бозори арз дар рӯзи чаҳоршанбе нархи баробарии рубл дар баробари дулор боз ҳам коҳиш ёфт ва аз 42 рубл барои ҳар дулор ба 44 рубл расид. Дар ҷараёни муомилоти рӯзи чаҳоршанбе нархи баробарии рубл дар бархе соъот то ҳади 79 рубл дар баробари дулор ҳам таназзул кард. Ба ин тартиб аз авоили соли ҷорӣ арзиши рубл дар баробари арзҳои муътабари хориҷӣ ҳудуди 50 дарсад таназзул кардааст.
Бонки марказии Русия пеш аз афзоиши нархи баҳраи поя дар рӯзи чаҳоршанбе бо фурӯши 80 милёрд аз захоири арзии худ дар садади ҷилавгирӣ аз суқути арзиши рубл баромада буд, аммо ин иқдом таъсири чандоне надошт ва танҳо бо тазъифи бунияи иқтисодии Русия боиси афзоиши беэътимодӣ нисбат ба оянда шуд.
Бо ин ҳама рӯзи чаҳоршанбе Алексей Моисеев, муъовини вазорати дороии Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории Интерфакс гуфт, ки давлат мусаммам аст бо фурӯши арз аз ҳисоби хазона "то ҳар миқдор ва то ҳар замоне ки лозим бошад аз рубл дифоъ кунад."
Яке аз осори коҳиши нархи баробарии рубл таназзули арзиши дастмузди коргарони муҳоҷире аст, ки ба хусус аз сойири кишварҳои Ҷиргаи кишварҳои мустақили ҳамсуд - шомили ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ - барои кор ба Русия рафтаанд ва даромади онон як манбаи арзӣ барои ин кишварҳо маҳсуб мешавад.
