Суқути шадиди рубли Русия ҳамзамон бо уфти баҳои нафт

  • 2 Декабр, 2014
Image copyrightAFP Getty
Image caption Коҳиши қимати нафт воҳиди пули Русияро заъиф кардааст

Бо идомаи коҳиши қимати нафт дар рӯзи душанбе арзиши рубл, воҳиди пули Русия, ба пойинтарин ҳадди худ дар шонздаҳ соли гузашта расида ва боъиси афзоиши нигарониҳо дар мавриди иқтисоди Русия шудааст.

Арзиши баробарии рубл дар муқобили дулори Омрико ибтидо нуҳ дарсад коҳиш ёфта буд, аммо баъд аз он чи тасаввур мешавад дахолати Бонки Марказии Русия бошад бахше аз арзиши худро бозёфт.

Русия башиддат ба даромади ҳосил аз содироти нафт вобаста аст ва коҳиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонии воҳиди пули ин кишварро тазъиф мекунад.

Рӯзи душанбе қимати як бушка нафти хоми Брент ба 67.53$, ки пойинтарин мизон аз соли 2009 аст, суқут кард, аммо баъдан афзоиш ёфт.

Дар охирин муъомилоти анҷомшуда дар рӯзи душанбе қимати нафт ба каме беш аз 70 дулор расид ва қимати ҳар бушка нафти хоми Омрико, ки дар пойинтарин қимати худ аз соли 2009 шасту шаш дулору 34 сент буд, боз ҳам дар тӯли рӯзи душанбе коҳиш ёфт ва акнун 63 дулору 72 сент аст.

Русия дувумин кишвари бузурги содиркунандаи нафт аст, ки 70 дарсати содироташро нафту гоз ташкил медиҳад. Содироти нафту гози Русия ниме аз даромади давлати ин кишварро низ таъмин мекунад.

Баҳои нафт аз тобистон то кунун беш аз 30 дарсад коҳиш ёфта. Арзиши рубл дар муқобили дулори Омрико ҳам нисбат ба январи гузашта 40 дарсад суқут кардааст.

Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, ки дар идомаи буҳрони Укройн ва замима кардани бахше аз хоки ин кишвар ба Русия иттифоқ афтода, ба иқтисоди ин кишвар зарба задааст.

Бо вуҷуде, ки арзиши рубли Русия каме афзоиш пайдо карда ва дар ҳоли ҳозир ҳар як дулори Омрико 52 рубл ва ҳар юру 65 рубл аст, ҳанӯз бар асоси охирин муъомилоти анҷомшуда дар Маскав арзиши он 4 дарсад пойинтар аз оғози рӯзи душанбе аст.

Саррофон мегӯянд мудохилаи Бонки Марказӣ боъиси беҳбуди қимати рубл пас аз суқути он шудааст, Бонки Марказии Русия аммо аз ҳар гуна изҳори назаре худдорӣ кардааст.

Бонки Марказии Русия мегӯяд фақат дар сурате, ки суқути рубл боъиси ба ҳам хӯрдани суботи иқтисодӣ шавад, дар бозор дахолат мекунад.

Ксения Юдаева қоиммақоми Бонки Марказии Русия талош кардааст ба муъомилагарон итминон бидиҳад ба андозаи кофӣ нақдинагӣ дар бозор арз ҳаст ва Бонки Марказӣ худашро барои шароити ҷадиди иқтисодӣ бар асоси қимати 60 дулор барои ҳар бушка нафт омода кардааст.

Лоро Ломбӣ, мудири аршади сармоягузоӣ дар бонки Инвестик мегӯяд, ки Кремлин мумкин аст ҳатто пинҳонӣ аз заъиф шудани рубл норозӣ набошад, чаро ки қимати пойини нафтро ҷуброн мекунад.

Игор Злантсев, аз муъомилагарони аршади Глубоксбонк мегӯяд дар ҳоли ҳозир фақат суботи қимати нафт метавонад ба рубл кумак кунад. Авомили дигар дар ҷойгоҳи баъдӣ ҳастанд ва аҳаммияти камтаре доранд.

Матолиби муртабит