Коҳиши баҳои нафт ба бушка зери 65 дулор
Image copyrightnaДар пайи интишори ду гузориши ҷудогона доир бар ишбоъи бозор, баҳои нафт ба камтарин ҳад дар панҷ соли гузашта уфт кардааст.
Созмони кишварҳои тавлидкунандаи нафт дар ин рӯз гузоришеро мунташир кард, ки пешбинӣ мекунад тақозо дар бозори ҷаҳонии нафт соли оянда камтар хоҳад шуд.
Ҳамзамон гузорише нишон медиҳад, ки мизони арза дар Омрико беш аз ҳаддди интизор аст. Ҳар ду хабар боъиси уфти бештари қимати нафт шуд.
Баҳои нафти Брент рӯзи чаҳоршанеб бо уфте 3.61 дарсадӣ ба 64 дулору 41 сент расид.
Ба ин тартиб баҳои нафти хоми Брент аз авосити июн то кунун 43 дарсад уфт кардааст.
Суқути бештар?
Хурхе Мунтепек соҳибназари бонуфузи бозори нафт, дар муассисаи арзёбии Плотс гуфт, ки имкони суқути бештари қиматҳо ҳаст.
Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт: "Теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз коршиносон ҳастанд, ки фикр мекунанд баҳои нафт дар миёнмуддат ва баландмуддат ҳадди васат байни 60 то 70 дулор дар бушка хоҳад буд."
Дар ин сурат уфти баҳо қабл аз он ки тасбит шавад метавонад идома ёбад. Ман фикр мекунам, ки метавонем шоҳиди ҷаҳиш ё уфти каме амиқтаре бошем. Аммо дар тӯли замон мумкин аст ба 50 ё 60 дулор дар бушка бирасем."
УПЕК дар гузоришаш гуфт, ки интизор дорад мизони тақозо барои нафти тавлидии ин гурӯҳ соли оянда ба рӯзона 28.9 милюн бушка бирасад, ки тақрибан пойинтарин ҳад дар даҳ соли ахир аст.
Ҳадафи расмии УПЕК арзаи рӯзонаи 30 милюн бушка нафт аст, бинобар ин мизони арза ба таври қобили таваҷҷуҳе беш аз тақозо хоҳад буд.
Вазорати энержии Омрико ҳам рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки мизони арзаи нафт дар ин кишвар рӯзона 1.5 милюн бушка афзоиш ёфта, ки ғофилгиркунанда аст.
Коршиносон интизор доштанд, ки ин мизон 2.2 милюн бушка дар рӯз кам шавад.
Ин афзоиш боъиси уфти баҳои бензин, сӯхти ҳавопаймоҳо ва нафт барои эҷоди гармо шудааст.
Коҳши қимати билет
Вазорати энержӣ мегӯяд агар пешбиниҳо дуруст аз об дарояд, баҳои бензин дар Омрико 23 дарсад коҳиш хоҳад ёфт ва соли оянда ба 3.8 литр 2.60 дулор хоҳад расид. Дар ин сурат ҳар хонаводаи омрикоӣ ба таври мутавассит солона 550 дулор камтар пули бензин хоҳад дод.
Уфти баҳои нафт ба қимати саҳоми чанд ширкати бузург, аз ҷумла Эгзон Мубойл ва Бӣ-Пӣ зарба зада, аммо ба вазъи молии ширкатҳое мисли хутути ҳавоӣ, ки аз қимати камтари сӯхт баҳраманд мешаванд, кумак кардааст.
Анҷумани Ҳамлу Нақли Байналмилалии Ҳавоӣ ( IATA) гуфт, ки мусофирон шоҳиди арзонтар шудани қимати билети парвозҳо хоҳанд буд.
Онтуни Тойлер, мудири кулли ин анҷуман, ба Би-Би-Сӣ гуфт: "Мо коҳиши 5.1 дарсадии баҳои билетҳо дар соли ояндаро пешбинӣ мекунем. Ба назари мо нархи ҳамли коло ҳам бештар аз ин пойин хоҳад омад, яъне эҳтимолан дар ҳудуди 5.8 дарсад."
Ба гуфтаи ӯ "баҳои сӯхти парвозҳо бар асоси қимати нафт дар моҳи қаблӣ таъйин мешавад, бинобар ин хутути ҳавоӣ ҳанӯз асари уфти баҳои нафтро ҳис накардаанд."
