Убомо таҳримҳои тозаи Русияро имзо мекунад

  • 17 Декабр, 2014
Image copyrightReuters

Кохи Сафед мегӯяд, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, алорағми доштани маҳзуроте лоиҳаи ахири кунгреро барои эъмоли таҳримҳои тоза алайҳи Русия имзо хоҳад кард.

Ин лоиҳа, ки умдатан саноеъи дифоъии Русияро ҳадаф мегирад, бо ҳимояти қотеъи намояндагони кунгреи Омрико тасвиб шудааст.

Ҷош Эрнест, сухангӯйи Кохи Сафед, гуфт, ки ин лоиҳа дарбардорандаи "паёме сардаргумкунанда барои муттаҳидони мост", аммо оқои Убомо онро имзо хоҳад кард, чун унсури "инъитофпазирӣ" дар он гунҷонда шуда.

Рубли Русия имсол дар хилоли уфти шадиди баҳои нафт ва таҳримҳои Ғарб ниме аз арзиши худро аз даст додааст ва суқути арзиши рубл дар муъомилоти рӯзи сешанбе ҳам идома ёфт.

Лоиҳзаи кунгре ҳамчунин ба оқои Убомо қудрат медиҳад кумакҳои низомӣ, шомили силоҳҳои маргбор ба Укройн ирсол кунад.

Омрико ва кишварҳои Урупои Ғарбӣ қаблан Русияро ба хотири инзимоми ноҳияи Кримеи Укройн ба хоки худ ва ҳимоят аз ҷудоиталабони шарқи Укройн таҳрим кардаанд.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ки дар Рум бо вазири хориҷаи Русия дидор карда, гуфт: "Ин таҳримҳоро мешавад баста ба масири интихобии оқои Путин зарфи чанд ҳафта ё чанд рӯз бардошт."

Аммо оқои Керрӣ гуфт, ки Русия дар рӯзҳои ахир "корҳое" созанда кардааст.

Матолиби муртабит