Путин: Ғарб қарнҳост, ки дар садади маҳори Русия будааст
Image copyrightAPПас аз чанд соли оромиши нисбӣ дар ҷумҳурии худгардони Чечен дар Русия даргирии байни дастаи муҳоҷимони мусаллаҳ ва маъмурони давлатӣ дар пойтахти ин ҷумҳурӣ чанд кушта бар ҷой гузоштааст. Ҳамзамон, раиси ҷумҳурии Русия сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро ташреҳ карда ва хориҷиён ва даллолонро масъули душвориҳои иқтисодии кишвараш донистааст.
Рӯзи панҷшанбе, 13 озар (4 декабр) Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, вазъияти ин кишвар дар соли гузашта ва барномаҳои худ дар соли ояндаро дар ҷаласаи порлумон ташреҳ кард.
Ин суханронӣ дар ҳоле эрод шуд, ки Русия, ки ба далели боло будани баҳои нафти хом тайи чанд соли ахир аз рушди иқтисодии қобили таваҷҷӯҳе бархурдор буд ва аз ҷумлаи кишварҳои дорои рушди сареъи иқтисодӣ маҳсуб мешуд, тайи моҳҳои ахир бо душворӣ мувоҷеҳ будааст. Коҳиши баҳои нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди Русия, ки то ҳудуди зиёде ба даромади нафтӣ вобаста аст, осеб расонда ва таҳримҳои иқтисодии Ғарб алайҳи сиёсати оқои Путин дар Укройн ва нигаронӣ аз бесаботии иқтисодӣ ва сиёсӣ мавонеъи умдаеро дар баробари сармоягузории хориҷӣ дар Русия эҷод кардааст.
Ба далели заъфи иқтисодии Русия рубл - пули миллии он кишвар - тайи як соли гузашта ҳудуди 40 дарсад аз арзиши худро дар баробари арзҳои хориҷӣ аз даст дода ва ба гуфтаи коршиносон заминаи афзоиши нархи таваррум ба 10 дарсад ё бештарро дар соли оянда фароҳам кардааст.
Оқои Путин дар суханони худ гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба камбуди авоиди арзӣ бонки марказӣ ба шиновар кардани нарх барои рубл рӯй оварда, ҳарчанд таъкид кард, ки манзур ин нест ки аз саботи нархи баробарии рубл дар баробари арзи хориҷӣ ибтидо ҳимоят нахоҳад шуд. Вай дар айни ҳол шароити иқтисодӣ ва сиёсии Русияро омили суқути нархи баробарии рубл надониста, балки "даллолони арз"ро масъул муаррифӣ кард ва ҳушдор дод, ки "мо медонем ин даллолон чӣ касоне ҳастанд ва васоиле барои маҳори онҳо вуҷуд дорад, ки дар сурати лузум , ба кор хоҳем гирифт."
Барои ҳали муъзалоти иқтисодии феълӣ оқои Путин гуфт, ки Русия бояд ба суи "худкифоии" бештар ҳаракат кунад ва ба ҷои доштани робита бо қудратҳои ғарбӣ, ки онҳоро зиёдаталаб номид, бо "шуракои баробар" дар Ғарб ва Шарқ муомила кунад. Вай гуфт, ки Русия монанди кишварҳои Ховари Дур дорои зарфиятҳои бузурге аст, ки бояд аз онҳо баҳрабардорӣ шавад.
Раиси ҷумҳурии Русия дар бахши дигаре аз суханони худ ба таҳримҳои Ғарб алайҳи сиёсати ӯ дар Укройн пардохт ва гуфт, ки ин таҳримҳо "вокуниши аҷулонаи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони ӯ ба мавзеъгирии мо дар қиболи кудетои низомӣ дар Укройн ва ҳатто ба истилоҳ баҳори Кириме нест, балки итминон дорам ва таъкид мекунам, ки ҳатто агар ин вақоеъ ҳам рӯй намедод, онон барои маҳор кардани раванди афзоиши қудрати Русия ва таъсиргузорӣ бар он ё баҳрабардорӣ аз ин имконот ба нафъи хеш баҳонаи дигаре меёфтанд."
Вай суқути Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии собиқи Укройнро, ки дар пайи кушта шудани шуморе аз тазоҳуркунандагон рӯй дод, кудетои низомӣ хонд ва гуфт, ки пас аз он сокинони манотиқи ҷануби шарқи Укройн ҳадафи ҳамалоти артиш қарор гирифтанд. Оқои Путин афзуд, ки мардуми Укройн ҳам бо ин арзёбии ӯ мувофиқ ҳастанд.
Раиси ҷумҳурии Русия гуфтааст, ки кишварҳои ғарбӣ "ҳамеша барои солҳои тӯлонӣ ва ҳатто метавон гуфт, даҳаҳо ва қарнҳо, ин сиёсати маҳор кардани қудрати Русияро дунбол кардаанд ва ҳар гоҳ ба назарашон расида, ки Русия дар ҳоли қудратгирӣ ва истиқлоли раъй аст, ин абзорро фавран ба кор гирифтаанд." Вай афзуд ки таҳримҳо бояд ангезае барои "ба ҳаракат даровардани Русия ва дастёбии сареъ ва коромад ба аҳдофи кишварамон табдил шавад."
Пеш аз суханронии оқои Путин ин интизор ки мумкин аст вай роҳи ҳалле барои мушкилоти иқтисодии Русия ироа диҳад боис шуд то нархи баробарии рубл андаке афзоиш ёбад, аммо бо хотимаи ин суханронӣ ин нарх ба сатҳе поинтар аз қабл таназзул кард.
Пештар бархе нозирон гуфта буданд мумкин аст нигаронӣ аз вахомати шароити иқтисодӣ боъис шавад Владимир Путин дар садади коҳиши таниш бо Ғарб барояд, ба хусус ин ки бархе аз наздикони оқои Путин аз соҳибони саноеъ ва бозаргонони сарватманди Русия ҳастанд, ки табиъатан хостори сабот ва рушди иқтисодии ин кишвар ҳастанд ва таҳримҳои Ғарб ҳам бархе аз ин афродро ҳадаф қарор додааст.
Дар муқобил бархе дигар бар ин бовар буданд, ки раиси ҷумҳурии Русия хоҳад кӯшид бо ироаи тасвире аз худ ба унвони раҳбаре созишнопазир дар талош барои эҷоди абарқудрате ҳамтироз бо Ғарб дар ҷаҳон дар садади таҳрики эҳсосоти миллигароёнаи русҳо барояд ва сиёсати дохилии худ ва идомаи мушкилоти иқтисодиро ба ин тартиб тавҷеҳ кунад.
Чечен дар нооромӣ
Ҳамчунин дар рӯзи панҷшанбе Рамазон Қодиров, раиси давлати маҳаллии ҷумҳурии худгардони Чечен таъйид кард, ки дар даргирии байни нерӯҳои амниятӣ ва афроди мусаллаҳ, ки дар тӯли шаб ва субҳи имрӯз дар Грузнӣ, пойтахт, рӯй дода се маъмури пулис ва 9 тан аз афроди мусаллаҳ кушта шудаанд.
Пештар хабаргузории русии Риа Новости ба нақл аз кумитаи муқобала бо терурисми давлати Русия гузориш карда буд ки сарнишинони мусаллаҳи чанд худрав дар соъоти шаб ба як посгоҳи ист ва бозрасии пулис дар шаҳри Грузнӣ, пойтахти ҷумҳурии худгардони Чечен ҳамла карданд ва чанд маъмури пулиси роҳнамоии мустақар дар ин посгоҳро ба зарби гулӯла ба қатл расонданд. Бархе манобеъ гуфтанд, ки муҳоҷимон унифурми пулисро бар тан доштанд ва тирандозӣ замоне рӯй дод, ки маъмурони пулис дар садади мутаваққиф кардан ва бозрасии ин худрав буданд.
Кумитеи муқобила бо терурисм ҳамчунин гуфтааст, ки сарнишинони мусаллаҳ ин се худрав ва баъдан дафтари як муассисаи интишоротиро дар маркази Грузний ишғол карданд, аммо маъмурони амниятӣ ин сохтмонро ба муҳосира дароварданд ва бо муҳоҷимон даргир шуданд.
Як филми видеуӣ, ки дар сойтҳои интернетӣ мунташир шуда, сохтмонеро дар Грузний (Грозний) нишон медиҳад, ки дастхӯши оташсӯзӣ шуда ва дар ҳамон ҳол, як гулӯлаи тонк низ ба сӯи он шиллик мешавад. Сиҳҳати ин навор таъйид нашудааст. Ҳамчунин гузоришҳое таъйиднашуда аз кушта шудани теъдоде афроди ғайринизомӣ дар ҷараёни даргирӣ дар ин сохтмон мунташир шудааст, аммо мавриди таъйид қарор нагирифтааст.
Раиси давлати Чечен гуфт, ки теъдоде аз афроди мусаллаҳ дар мадрасае дар пойтахт сангар гирифтаанд ва ин мадраса дар муҳосираи маъмурони давлатӣ аст. Зоҳиран дар замони ишғоли мадраса донишомӯзон ва омӯзгорон дар ин сохтмон набуданд. Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав филмҳои видиюӣ аз Грузнӣ як сохтмони чандтабақаро нишон медиҳад, ки дар оташ месӯзад ва садои тирандозии сангин низ дар шаҳр ба гӯш мерасад.
Ҷумҳурии мусалмоннишини Чечен, аз ҷумҳуриҳои худмухтори Русия дар минтақаи Қафқоз, аз соли 1993 то соли 1999 батановуб дастхуши шӯриши истиқлолталабона ва даргирии низомии шӯришиёни нерӯҳои русӣ буд Дар ҳоле ки ҳаракати ҷудоиталабонаи ин сарзамин, ки батадриҷ таҳти таъсири гурӯҳҳои исломгарои тундрав қарор гирифта буд. Нооромии Чечен дар солҳои баъд боъиси ноамнӣ дар нуқоти мухталифи Русия шуд.
Ҷанги дохилии Чечен саранҷом башиддат тавассути артиши Русия саркӯб шуд, аммо дар солҳои баъд иқдомоти хушунатомези гурӯҳҳои чеченӣ дар ин ҷумҳурӣ ва соири манотиқи Русия идома ёфт, ки вокуниши шадиди давлати Русияро дар пай дошт. Бо ин ҳама, тайи чанд соли ахир, оромиши нисбӣ дар Чечен барқарор буда ва ба ҳамин далел воқеъаи ахир боъиси нигаронӣ дар мавриди азсаргирии таниш дар ин ҷумҳурӣ ва сирояти ноамнӣ ба соири нуқоти Русия шудааст.
