Буҳрони рубл, бекорӣ ва бозгашти муҳоҷирони бепул
Image copyrightBBC World ServiceУфти рубли русӣ ва буҳрони молӣ дар Русия, ки таваҷҷӯҳи бештарин таҳлилгарони иқтисодиро ба худ ҷалб сохта, боиси пешгӯиҳои умдатан манфӣ дар робита ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон шуда.
Агарчи пешгӯиҳои таҳлилгарони тарафдори Кремлин ва мухолифин дар бораи буҳрони Русия ба наҳвае мухталифанд, аммо ҳама бо як нукта мувофиқанд –буҳрони молӣ дар Русия ба муҳоҷирон зарбаи сахте задаааст.
Дар ин бора иқтисоддонҳо ва нашрияҳои мухталифи русӣ ва урупоӣ фаровон ибрози назар мекунанд.
Расонаи “Базфид Нюз” дар Ню Йурк дар ин бора матлабе бо номи “буҳрони Русия ҷаҳонро аз Тоҷикистон то Тукию такон хоҳад дод” навиштааст.
Дар ин мақола мехонем: “Танини ин буҳрон фаротар аз марзи Русия, дар сатҳи ҷаҳонӣ шунида хоҳад шуд... буҳрон бештар дар кишварҳои содиркунандаи муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар бедодӣ хоҳад кард...Тоҷикистонро бигиред. Тибқи иттилоъи Бонки Ҷаҳонӣ интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон аз муҳоҷирони корӣ 42 дарсади даромади нохолиси миллиро ташкил медиҳад, 60 дарсади ин маблағ аз Русия ворид мешавад.”
Таваррум дар Русия, камбуди дулор дар Тоҷикистон
Бино ба иттилоъи ғайрирасмӣ ҳоло дар Русия беш аз як милиюн шаҳрванди мустаъид ба кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва аз ин роҳ рӯзгори хонаводаҳои худро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд.
Ҳамакнун изтироби камбуди дулор дар бозори арзи Тоҷикистон низ маҳсус аст. Баҳои рубли русӣ низ дар бозори пули Душанбе басароҳат маҳсус аст.
Барои мисол, рубли русӣ, ки рӯзи 16-уми декабр ҳудуди даҳ сомонӣ қимат дошт, рӯзи 17-уми декабр ба шашу ним сомонӣ ба фуруш рафт.
Афзун бар беқурб шудани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аксари онҳо мегӯянд, наметавонанд ҳатто моҳонаҳои беқурбшудаи худро ба пуррагӣ аз корфармоён дарёфт кунанд.
Дар ҳамин ҳол намояндагии вазорати кори Тоҷикистон дар Русия гузориш дода, ки аз оғози таварруми басуръати рубли русӣ ба бархе аз муҳоҷирони корӣ кумак кардааст, то ҳуқуқи худро аз корфармоён дарёфт кунанд.
Ин намояндагӣ ба ширкатҳои мухталиф нома ирсол карда ва аз ин роҳ барои дарёфти маоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки муъодили беш аз 7.5 милиюн рубли русӣ будааст, мусоидат карда.
Искандар Шодмонов, яке аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Екатеринбург кору фаъъолият дорад, дар сӯҳбат бо Би-сӣ-сӣ гуфт, ки уфти рӯз ба рӯзи баҳои рубли русӣ муҷиб мешавад, ки ҳар рӯзи таъхир дар дарёфти маош барои муҳоҷирони корӣ гарон тамом шавад.
Ӯ мегӯяд: “Агар музди кории муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудуди 20 то 30 ҳазор рубли русӣ аст, он маблағ пештар баробар ба 900 дулор буд, аммо акнун 30 ҳазор рубл баробари 350 – 400 дулор шудааст.”
Оқои Шодмонов афзуд, ки ҳатто агар касе мехоҳад, дар ин вазъият Русияро тарк кунад, қимати билети ҳавопаймо низ аз 12 ҳазор рубл ба 18 ҳазор рубли русӣ афзудааст. Ба гуфтаи ӯ бархеҳо ба ин далел тавассути Қирғизистон ба Тоҷикистон баргашта ва дар роҳ бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ шуданд.
Буҳрони Русия Тоҷикистонро бо худ мекашад
Шокирҷон Файзуллоев, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав кор мекунад мегӯяд, ки ҳуқуқи онҳо бо рубл дода мешавад, ва рубл камарзиш шудааст.
Вай афзуд: “Мушкили мо ин аст, ки ҳарчанд дулор қимат шуд, вале қимати ғизо ва коло ҳануз ҳам пешина аст. Аммо вақте ин пулро ба Тоҷикистон мефиристем, арзишаш ба далели табдил ба дулор бамаротиб поин мешавад.”
Ӯ мегӯяд, ширкати сохтмоние, ки ӯ дар онҷо кор мекунад ба хотири буҳрон дар ҳафтаҳои ахир чандин нафарро аз кор ихроҷ кардааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин Саймиддин Дӯстов, раиси маркази таҳлилии “Индем” мегӯяд, дар сурати иттихоз нашудани тадбирҳои ҷиддӣ аз сӯйи тими иқтисодии Тоҷикистон, ин кишвар бештарин зарари буҳрони молии Русияро дар тобистони соли 2015 эҳсос хоҳад кард.
Вай мегӯяд: “Гап сари он аст, ки муҳоҷирони тоҷик дар ду соҳаи иқтисоди Русия кор мекунанд, ки бештарин зарбаро аз буҳрони Русия мебинанд – сохтмон ва хизматрасонӣ.”
Оқои Дӯстов афзуд то ҳоло ҳиссаи муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз тариқи бонкҳо ва ба сурати нақд ҳудуди панҷ милиёрд дулор дар сол буд, аммо уфти рубли русӣ ин маблағро ба маротиб коҳиш медиҳад.
Ӯ мегӯяд, аз сӯйи дигар баста шудани ширкатҳои сохтмонӣ ва ҷойҳои корӣ дар арсаи хизматрасонӣ дар Русия нақши умдае дар коҳиши маболиғи муҳоҷирон хоҳад дошт.
Оқои Дӯстов гуфт: “Содироти алуминиям ва панба дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон кам шуд, ки ин низ воридоти дулор ба кишварро кам мекунад. Аз ин ҳисоб метавон пешбинӣ кард, ки сифати зиндагӣ бамаротиб поин меравад. Қимати ғизо боло меравад ва гуфтан мумкин, ки то тобистон аҳволи иқтисоди Тоҷикистон хеле бад мешавад.”
“50 дарсади муҳоҷирон бармегарданд”
Дар ҳамин ҳол Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия низ вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро вахим арзёбӣ кард.
Ӯ дар сӯҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: "Шароити муҳоҷирони тоҷик дар Руссия ҳеч гоҳ то ба ин дараҷа бад набуд. Тасаввур кунед, ки маоши мегирифтаи муҳочир 70 дарсад ихтисор шуд, чун муҳочирон маоши худро ба хонаводахояшон аз Руссия пас аз табдил ба дулор мефиристанд.”
Ба гуфтаи оқои Амон ин мушкил як сӯ ва шадид шудани қавонини кор дар Русия аз сӯйи дигар муқоҷиронро маҷбур месозад, ба кишварҳояшон баргарданд.
Ӯ афзуд: “Бозгашти 50 дарсади муҳочирон вазъи сиёсӣ ва иқтисодии бе ин ҳам буҳронии Точикистонро харобтар месозад.”
Бо ин ҳол Саймуддин Дӯстов бовар дорад, ки давлати Тоҷикистон “ҳоло ҳамв вақт дорад”, ки вазъиятро то андозае таҳти кунтрул бигирад.
Ба гуфтаи ӯ, агар дар соли нав тими иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон иваз шуда ва афроди шоиста ва кордон ба ин бахш ворид шаванд, имкон дорад ин буҳрон барои Тоҷикистон чандон дарднок набошад. Ахиран Бонки Тавсеъаи Осиё низ пешгӯии худро дар бораи рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёна дар асари буҳрони Русия таҷдиди назар кардааст. Ин бонк шохаи мизони рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна дар соли ҷориро аз 5.6 % ба 5.1% коҳиш дода, мизони рушди иқтисодӣ дар соли 2015-ро низ аз 5.9% ба 5.4% коҳиш додааст.
