Владимир Путин: Захоири молии кофӣ барои ҳалли мушкилоти иқтисодии Русияро дорем

  • 18 Декабр, 2014
Image copyrightAFP

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар охирин нишасти хабарии худ дар соли ҷории мелодӣ талош кард нигаронӣ дар мавриди суқути арзиши рубл, пули миллии ин кишварро коҳиш диҳад.

Рубл, пули расмии Русия ин ҳафта наздик ба 15 дарсад аз арзиши худро аз даст дод. Ин коҳиши арзиш дар ҳолест, ки Бонки Марказии Русия ба манзури тақвияти рубл нархи баҳраро беш аз 60 дарсад афзоиш додааст.

Оқои Путин дар ин мусоҳиба хотирнишон кард, ки иқтисоди Русия дар даҳ моҳи аввали соли ҷории мелодӣ рушд кардааст.

Ӯ афзуд ба рағми навасоноти бозорҳои молӣ даромади Русия аз ҳазинаҳои он бештар хоҳад буд.

Иқтисоди Русия ба далели коҳиши баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва таҳримҳои вазъшуда алайҳи сиёсати ин кишвар дар Укройн бо мушкилоти мутаъаддиде рӯбарӯ шудааст.

Раиси ҷумҳурии Русия гуфт суқути арзиши рубл, пули миллии Русия, умдатан ба авомили хориҷӣ вобаста аст, аммо дар айни ҳол афзуд, ки Русия зарфи 20 соли гузашта натавониста ба иқтисоди худ танаввуъ бибахшад.

Оқои Путин гуфт Бонки Марказии Русия ва давлати ин кишвар дар ҳоли анҷоми иқдомоти лозим барои босубот кардани рубл ҳастанд. Раиси ҷумҳурии Русия гуфт кишвараш захоири молии кофӣ барои муқобила бо мушкилоти иқтисодиро дорад.

Ӯ афзуд дар бадтарин ҳолат хуруҷ аз вазъияти феълии иқтисодӣ ду сол тӯл мекашад, аммо бозгашти кишвар ба рушди иқтисодӣ, қатъӣ аст.

Оқои Путин дар айни ҳол гуфтааст давлати Русия мумкин аст маҷбур шавад аз ҳазинаҳои умумии худ бикоҳад.

Матолиби муртабит