Муҳокимаи маъмури СИО ба иттиҳоми "нашти иттилоъоти харобкорӣ дар барномаи атумии Эрон"
Image copyrightBBC World ServiceМуҳокимаи Ҷефрӣ Истерлинг, маъмури собиқи Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико, СИО, дар иртибот бо нашти ҷузъиёти марбут ба як барномаи маҳрамонаи харобкорӣ дар барномаи атумии Эрон ба хабарнигори Ню-Йурк Тоймз оғоз шудааст.
Ҷефрӣ Истерлинги 47-сола аслан дар соли 2010 муттаҳам шуда буд он иттилоъотро дар ихтиёри Ҷеймз Ризен, хабарнигори ин рӯзномаи омрикоӣ қарор додааст.
Гуфта мешавад дар он барномаи маҳрамона, СИО як коршиноси атумии Русия мулаққаб ба "Мерлин"-ро истихдом карда буд, то нақшаҳои ноқис ё ғалатро дар ихтиёри Эрон бигузорад, то барномаи атумии ин кишвар дучори мушкил шавад.
Ҷеймз Ризен, хабарнигори Ню-йорк Тоймз, дар китобе таҳти унвони "вазъияти ҷангӣ", ки соли 2006 чоп шуд, он талошҳоро бефоида тавсиф кард.
Додситонҳо даҳ иттиҳом ба оқои Истерлинг ворид кардаанд, ки аз ҷумла коршиканӣ дар масири адолат ва ифшои ғайримуҷози иттилоъоти дифоъи миллӣ буд.
Як дастёри додситон дар баёнияи оғозини додгоҳ, ки сешанбе дар Вирҷиниё шурӯъ шуд, гуфт, ки ангезаи Истерлинг аз ифшои он барнома тамаъкорӣ ва дилхӯрӣ будааст; чун Истерлинг шикоятеро доир бар табъизи нажодӣ алайҳи СИО матраҳ карда буд, вале ин созмон пешниҳоде барои додани 200 ҳазор дулор ғаромат ба ӯ барои ҳалли даъворо рад карда буд.
Ҷефрӣ Истерлинг ин иттиҳомотро рад мекунад. Вукалои ӯ гуфтаанд, ки СИО ҳеҷ гувоҳи рӯшане барои исботи иддаъояш надорад.
Онҳо мегӯянд, ки СИО рӯи Истерлинг ангушт гузошта, чун ӯ муддаъии табъизи нажодӣ дар ин созмон шуда буд.
Ба илова онҳо мегӯянд, Созмони Иттилоъоти Марказӣ хашмгин аст, чун барномаи Мерлин барои харобкорӣ дар таъсисоти атумии Эрон дар китоби оқои Ризен як фоҷиъа тавсиф шуда буд ва ҳоло СИО барои истифои он барномаи Ҷефрӣ Истерлингро ба муҳокима кашида.
Додситонҳо мегӯянд, ки Истерлинг "тақрибан аёнан бо ҳамон ибороте", ки Ҷеймз Ризен дар китобаш тавзеҳ медиҳад, барномаи маҳрамонаи Мерлинро барои кормандони СИО тавсиф карда буд. Вукалои муттаҳам гуфтаанд, ки ин чизеро собит намекунад.
Яке аз масоиле, ки дар ҷараёни ин парванда пурранг шуд, баҳс дар миёни мақомҳои додгустарӣ бар сари фарохони хабарнигори Ню-Йурк Тоймз барои додани шаҳодат буд.
Хабарнигори ин рӯзнома гуфта буд, ки ҳатто агар фаро хонда шавад, ҳеҷ иттилоъотеро таҳти ҳеҷ шароите дар бораи манобеъи хабарҳояш фош нахоҳад кард.
Ню-Йурк Тоймз як рӯз пештар гузориш дод, ки додситонҳо тасмим гирифтаанд Ҷеймз Ризенро ба унвони шоҳид ба додгоҳ эҳзор нкунанд. Вукалои ин хабарнигор ин тасмимро як пирӯзӣ барои озодии матбуъот хонданд.
Ин хабарнигор, ки барандаи ҷоизаи "Пулитерз" аст, ду бор дар солҳои 2008 ва 2011 барои баррасиҳои аввалия дар парванда эҳзор шуда буд.
Талош барои эҳзори ӯ ба додгоҳ барои шаҳодат додан алайҳи манбаъ бо фарёди эътирози рӯзноманигорони омрикоӣ рӯбарӯ шуд. Беш аз 100 ҳазор нафар тумореро дар дифоъ аз Ҷеймз Ризен имзо крада буданд.
Мерлин кӣ буд?
Ба гузориши хабаргузории Оссушиэйтед Пресс? дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи додгоҳ шуморе аз афсарони СИО дар ҳоле ки аз пушти як монеъ ҳарф мезаданд, то ҳувияташон ошкор нашавад, шаҳодат доданд.
Як шоҳид гуфт, ки Мерлин ва ҳамсараш дар даҳаи 1990 аз Русия муҳоҷират карда буданд ва СИО фавран ба унвони ганҷинае аз иттилоъоти арзишманд суроғи онҳо рафт, чун ҳар дуи онҳо дар як корхонаи мунтож ва барчидани силоҳҳои атумӣ дар Русия кор карда буданд.
Як маъмури дигар гуфт, ки СИО ибтидо дар истихдоми Мерлин ноком монд, аммо Мtрлин дар ниҳоят пазируфт дар қиболи дарёфти 300 ҳазор дулор ду сол бо СИО ҳамкорӣ кунад.
Баъдан СИО тарҳеро танзим кард, то Мерлинро б унвони як шаҳрванди норозии рус ҷо бизанад, ки ҳозир аст тарҳҳои атумиро ба эрониҳо бифурӯшад, аммо ба гуфтаи як маъмури дигар, ин тарҳҳо ва нақшаҳо ҳовии иттилоъоти ғалати пинҳон буд то қобили иҷро набошад. Маъмурони СИО гуфтанд, ки ҳатто Мерлин намедонист, ки ин нақшаҳо ғалат аст.
Интизор меравад, ки муҳокима ду ҳафта тӯл бикашад ва гуфта мешавад, ки шояд Кондулизо Ройс, вазири хориҷаи собиқи Омрико дар давраи Ҷурҷ Буш, дар он шаҳодат диҳад.
