Дархости пайгарди маъмурони СИО дар пайи гузориши шиканҷаи сено

  • 10 Декабр, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Акс аз тазоҳуроте зиддишиканҷа дар Вошингтун

Ба дунболи интишори гузориши сенои Омрико аз мавориди истифода аз шиканҷа дар бозҷӯии муттаҳамон тавассути маъмурони созмони СИО, Созмони Милал ва гурӯҳҳои мухталифи ҳуқукқи башарӣ хоҳони пайгарди қазоии ин маъмурон шудаанд.

Бин Амерсун, гузоришгари вижаи умури ҳуқуқи башарӣ ва зиддитерурисми Созмони Милал гуфт ба ғайр аз шиканҷагарон мақомҳои аршади давлати Ҷурҷ Буш , ки ин шиканҷаҳо ба дастури онҳо анҷом шуда, низ бояд мавриди пайгард қарор гиранд.

Кенет Рос, мудири кулли созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар, низ гуфтааст, ки иқдомоти маъмурони СИО ҷурм талаққӣ мешавад ва ба ҳеҷ ваҷҳ қобили тавҷеҳ нестанд.

Ӯ гуфт: Дар сурате, ки ин ҳақиқатёбӣ (сено) ба пайгарди қазоии маъмурон мунҷар нашавад, шиканҷа ҳамчунон ба унвони як гузинаи билқувва барои раиси ҷумҳурон боқӣ хоҳад монд.

Рӯзи гузашта гузориши кумитеи иттилоъотии сенои Омрико аз равишҳои хашини бозҷӯӣ ва мадомоте, ки барои эъмоли фишор рӯи мазнунон ба иртибот бо Алқоъида анҷом шуда, мунташир шуд.

Ин гузориш натиҷа гирифта, ки истифода аз шиканҷа ба "иттилоъоти муҳим ва қобили пайгирӣ" мунҷар нашуда ва иттилоъоти бадастомада аз ин бозҷӯиҳо дар дифоъ аз амнияти миллии Омрико калидӣ набудааст.

СИО пештар аз истифода аз ин шеваҳои хашинро бо ин истидлол тавҷеҳ мекард, ки аз ин тариқ ба иттилоъоти муҳимме даст ёфта ва ҷони ҳазорон омрикоиро наҷот додааст.

Ин созмон пас аз интишори гузориши сено муҷаддадан дар баёнияе ин мавзеъи худро такрор кард.

Иттиҳодияи озодиҳои мадании Омрико дар баёнияе аз додситони кулли Омрико хостааст, то ба шакле вижа ва мустақил мақомҳои давлати Ҷурҷ Бушро, ки дар ин шиканҷаҳо нақш доштаанд, мавриди пайгарди қазоӣ қарор диҳад.

Шабакаи хабарии Эй-би-сии Омрико мегӯяд танҳо фарде, ки аз байни маъмурони дахил дар шиканҷаҳо мавриди пайгарди қазоӣ қарор гирифт ва ҳамакнун зиндонӣ аст, Ҷон Кириёку маъмури собиқи СИО аст, ки нахустин бор истифода аз шиканҷа алайҳи мазнунони Алқоиъдаро фош кард ва иттилоъоти онро дар ихтиёри хабарннигорон гузошт.

Мутобиқи гузориши сено, СИО ба таври мустамар иттилоъоти нодуруст дар ихтиёри мақомҳои давлатӣ ва қазоӣ қарор медода, монеъ аз назорати кунгре мешуда ва аз шабакае аз боздоштгоҳҳо дар кишварҳои мухталиф истифода мекардааст.

Мазнунон ба иртибот бо Алқоъида тавассути маъмурони СИО шиканҷа шудаанд. Эҷоди ҳисси хафагӣ бо об, ҳабс дар ҷаъбае мисли тобут, бехобӣ додан ҳатто то 180 соъат, таҳдид ба қатл ва таҳдид ба озори аъзои хонавода, аз ҷумла равишҳое буда, ки маъмурони СИО барои касби иттилоъот аз ин афрод ба кор мегирифтаанд.

Матолиби муртабит