СИО: Шумори шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ бисёр бештар аз баровурди қаблӣ аст

  • 12 Сентябр, 2014
Image copyrightMet Police
Image caption Ба гуфтаи СИО, ташкили Давлати Исломӣ муваффақияти бештар дар ҷазби нерӯро дар пай доштааст

Нафароти мусаллаҳи Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Сурия бамаротиб беш аз тахминҳои қаблӣ аст.

Созмони Марказии Иттилоъоти Омрико, СИО, гуфтааст, ки бар асоси иттилоъоти ҷадид, шумори шибҳнизомиёни таҳти амри Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Сурия ба 20 ҳазор ва 21 ҳазору 500 тан баровурд мешавад, ки нишонаи рушди қобили таваҷҷуҳи тавони низомии ин гурӯҳ дар моҳҳои ахир аст.

Роён Троспонӣ, сухангӯйи СИО, гуфтааст, ки "ин рақам нишонгари афзоиш дар шумори аъзои Давлати Исломӣ дар натиҷаи қобилияти фаровони узвгирӣ ва ҷазби нерӯ аз моҳи июн ба баъд, яъне замони эъломи эҷоди давлат ё хилофати исломӣ ва ҳамчунин фаъъолият ва пешрафти бештар дар арсаи низомӣ ва беҳбуди имконоти иттилоъотӣ ва иттилоърасонии ин гурӯҳ аст."

Пештар манобеъи иттилоъоти Омрико теъдоди шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломии Ироқ ва Шомро ҳудуди даҳ ҳазор нафар баровурд карда буданд.

Нафароти Доъиш, ки бар бахшҳое аз Сурия ва Ироқ мусаллат шуда буданд, дар тобистони соли ҷорӣ тавонистанд шаҳрҳои Мавсил ва Тикриту чанд шаҳри дигари Ироқро тасарруф кунанд ва дар моҳи июн ин гурӯҳ эълом кард, ки дар сарзаминҳои "озодшуда" хилофат ё Давлати Исломиро ба раҳбарии Абӯбакр Албағдодӣ ташкил дода ва аз мусулмонони ҷаҳон даъват кард, то аз ин давлат ва Албағдодӣ ба унвони халифа ва раҳбари муслимини ҷаҳон пайравӣ кунанд.

Image copyrightAP
Image caption Шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ ба таслиҳоти пешрафтаи артиши Ироқ ҳам даст ёфтаанд

Дар ҷараёни тасарруфи манотиқи мухталифи Ироқ нерӯҳои артиши ин кишвар дар бархе маворид бо бар ҷой гузоштани таслиҳот ва таҷҳизоти солими низомӣ, аз баробари нерӯҳои Доъиш гурехтаанд, ки боъиси дастёбии Давлати Исломӣ ба имконоти низомии пешрафтатар шудааст.

Ба гуфтаи баъзе манобеъ, мумкин аст шуморе аз низомиёни режими собиқи Ироқ низ ба ин гурӯҳ пайваста бошанд ва эҳтимоли дастёбии Доъиш ба арзи хориҷӣ дар пайи тасарруфи шаҳрҳои умда ва ҳатто фурӯши нафт ҷиҳати таъмини ниёзҳои молӣ ва дастёбӣ ба таслиҳоти қочоқ низ вуҷуд дорад.

Изҳороти мақоми СИО дар ҳоле интишор меёбад, ки давлати Иёлоти Муттаҳида ба талош барои як эътилофи байналмилалӣ барои тазъифи низомӣ ва молӣ ва дар ниҳоят инҳидоми Давлати Исломӣ идома медиҳад. Афзоиши тавонмандии низомии ин гурӯҳ ҳамроҳ бо таъассуби динӣ ва таъаҳҳуди нафароти он ба аҳдофи гурӯҳ ва хушунате, ки дар амалиёти ҷангӣ алайҳи нафароти муқобил ва ғайринизомиёни ғайрихудӣ буруз медиҳанд, намоёнгари душвории амалиёти низомии муқобила бо он аст.

Матолиби муртабит