Як омрикоии "узви Доъиш" дар Сурия кушта шуд
Image copyrightNAАъзои хонаводаи Доглос Мак Кейн, ҷавони омрикоӣ, ки гумон меравад дар Сурия ва дар ҳоле ки дар канори шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ дар ҳоли набард буда, кушта шуда, марги ӯро таъйид кардаанд.
Рӯзи сешанбеи 26 август аъзои хонаводаи Доглос Мак Кейн, ки бузургшудаи иёлати Минасуто ва сокини Колифурниё муъаррифӣ шуда, ба Би-би-сӣ гуфтаанд мақомҳои давлатӣ онҳоро дар ҷараёни марги ӯ гузоштааст.
Аъзои хонаводаи Мак Кейн ба Ригон Мурис, хабарнигори Би-би-сӣ, гуфтаанд рӯзи гузашта (душанбе) марги Доглос дар тамосе телефунӣ аз сӯйи давлат ба модараш иттилоъ дода шудааст.
Ба гузориши Эн-би-сӣ, ҷасади Доглос Мак Кейн, 33-сола, тавассути нерӯҳои артиши озоди Сурия пас аз як набард миёни онҳо ва шибҳнизомиёни Доъиш пайдо шудааст.
Кохи Сафед изъон дорад, ки теъдоди каме аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида ин кишварро ба мақсади Сурия тарк кардаанд, то дар канори шибҳнизомиёни ифротгаро биҷанганд.
Он тавр ки аъзои хонаводаи оқои Доглос мегӯянд ӯ ҳудуди 10 сол пеш ба ислом гаравида ва ҳамзамон ба Колифурниё нақли макон карда будааст.
Ҷослин Исмит, духтарамӯ(духтари амак)-и Доглос гуфта аз ҳузури вай дар Сурия ва набард дар ҷабҳаи Доъиш изҳори беиттилоъӣ карда буда ва гумон мекарда Доглос дар Туркия аст, ҳарчанд аз иллати сафари ӯ ба Туркия ҳам огоҳ набудааст.
Дар тавсифи хусусиёти шахсиятии Доглос Мак Кейн, Ҷослин Исмит ба Би-би-сӣ гуфта: "Ӯ башош буд ва ҳаргиз аҳли хушунат набуд. Оддат дошт лупи (лунҷи) шуморо бикашад ва ин нишонаи Доглос буд."
Ба гуфтаи хонуми Исмит, Доглос Мак Кейн охирин бор ҳудуди ду сол пеш дар Минасуто будааст.
Бо вуҷуди ин, Ҷен Сокӣ, аз сухангӯёни вазорати хориҷаи Омрико, имрӯз ба хабарнигорон гуфт аз гузоришҳо дар мавриди Доглос Мак Кейн огоҳ аст ва вазорати матбӯъи ӯ бо хонаводаи ин ҷавони омрикоӣ дар тамосанд, вале вай ҳанӯз наметавонад расман марги ӯро таъйид кунад.
Гуфта мешавад ҳудуди 3 ҳазор табаъаи кишварҳои ғарбӣ чун Омрико, Бритониё, Устролиё дар миёни пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати Исломӣ ҳузур ёфтаанд ва акнун дар Ироқ ва Сурия ҳамроҳи онҳо меҷанганд.
