Боризонӣ: Эрон ба пешмаргҳои курд силоҳ фиристод
Image copyrightReutersМасъуди Боризонӣ, раиси иқлими Курдистони Ироқ гуфтааст, ки Эрон ба пешмаргҳои курд дар набард бо шибҳинизомиёни 'Давлати исломӣ' (Доъиш) кумаки таслиҳотӣ кардааст.
Ба гузориши Руйтерз оқои Боризонӣ дар нишасти хабарии муштарак бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар Ирбил гуфт: "Мо дархости кумак кардем ва Эрон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки барои мо силоҳ фиристод."
Сойти хабарии Рудов, наздик ба ҳизби Демукроти Курдистон, ҳам аз оқои Боризонӣ нақл кардааст, ки "таҳвили таслиҳоти Эрон тавони низомии нерӯҳои курдро афзоиш додааст."
Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон, ИСНО, оқои Зариф ҳам дар ин нишасти хабарӣ таъйид кард, ки Эрон ҳам бо давлати Ироқ ва ҳам бо давлати иқлими Курдистон "дар ҳавзаҳои мухталиф ҳамкории низомӣ" доштааст.
Ӯ гуфт: "Хушҳолем, ки ба таъаҳҳудотамон амал кардем, аммо ғарбиҳо ба таъаҳҳудоташон амал накарданд."
Оқои Зариф бори дигар дар Ирбил таъкид кард, ки Эрон дар Ироқ нерӯи низомӣ надорад, вале омодаи кумак ба Ироқ ва Курдистон аст.
Муҳаммадҷаводи Зариф аз рӯзи якшанбе, дувуми шаҳривари (24 август) сафари худ ба Ироқро оғоз кард ва баъд аз дидор бо мақомҳои сиёсӣ ва чеҳраҳои мазҳабӣ дар Бағдод ва Наҷаф роҳии Курдистони Ироқ шуд.
Оқои Зариф баъд аз дидор бо раиси иқлими Курдистон эълом кард, ки Эрон аз тамомияти арзии Ироқ ва "аз ҳар тавофуқе байни Курдистони Ироқ ва давлати Бағдод" ҳимоят мекунад.
Дар ҳоле ки танишҳои сиёсӣ ва фирқаӣ дар Бағдод монеъ аз ташкили давлат тавассути Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири ҷадид шуда, дар шимоли Ироқ нерӯҳои Доъиш ҳамчунон дар ҳоли набард бо пешмарги курд ва нерӯҳои Ироқ ҳастанд.
Вазири кишвари Эрон пештар аз кумак ба нерӯҳои низомии Курдистони Ироқ дар набард алайҳи Доъиш хабар дода буд.
Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, рӯзи душанбеи 3 шаҳривар гуфт: "Ахиран, ки Доъиш ба Курдистони Ироқ ҳамла кард, масъулони Курдистон дархости кумак аз Эрон доштанд ва Ҷумҳурии Исломӣ илова бар ироаи мушовира нерӯҳои ононро созмондиҳӣ кард."
