Комерун: Таҳдиди муштараки Доъиш мавқеъияте барои ҳамкорӣ бо Эрон аст

  • 17 Август, 2014
Девид КомерунImage copyrightReuters

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё нисбат ба кофӣ набудани вокунишҳо ба пешравии‌ шибҳинизомиёни 'Давлати исломӣ' (Доъиш) ҳушдор дода ва гуфтааст Бритониё бояд бо кишварҳои минтақа мисли Эрон ва Арабистон дар ин замина ҳамкорӣ кунад.

Оқои Комерун рӯзи якшанбе дар мақолае дар Сондӣ Телегроф навишт кумакҳои башардӯстона ва ҳамалоти ҳавоӣ ба танҳоӣ барои муқобала бо Доъиш кофӣ нест ва "вокуниши амниятии қотеъ" лозим аст.

Ӯ аз лузуми вокуниши сиёсӣ ва диплумотики густардатар ба вижа бо мушорикати ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа навиштааст.

Ба навиштаи оқои Комерун Бритониё бояд бо кишварҳои мисли Арабистони Саъудӣ, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср ва Туркия ва "шояд ҳатто Эрон" ҳамкорӣ кунад.

Ӯ мавқеъияти феълиро мақтаъе хонда, ки Эрон метавонад онро барои "ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ" дар баробари "таҳдиде муштарак" интихоб кунад.

Нахуствазири Бритониё навишта кишвараш бояд нақше пешрав дар талошҳои диплумотик дошта бошад ва ба ҳамин далел як намояндаи вижа дар иқлими Курдистони Ироқ мансуб хоҳад кард.

Амалиёти низомӣ

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё ҳушдор додааст, ки шибҳнизомиёни Давлати исломӣ мумкин аст он қадар қудрат пайдо кунанд, ки мардумро дар хиёбонҳои Бритониё ҳадаф қарор диҳанд.

Оқои Комерун бо таъкид бар лузуми нишон додани вокунише қотеъ гуфта Бритониё бояд омодаи анҷоми амалиёти низомӣ барои "рафтан ба дунболи" шибҳинизомиёни Давлати исломӣ бошанд.

Бритониё то кунун дар амалиёти ҳавоии кумакрасонӣ ба курдҳои эзадии таҳти муҳосираи Доъиш ширкат дошта, аммо бар хилофи Омрико дар иқдоми низомӣ монанди ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи шибҳнизомиён ширкат накардааст.

Девид Комерун ҳушдор дод, ки агар ин шибҳнизомиёни исломӣ битавонанд "хилофати исломии" мавриди назарашонро барқарор кунанд, Бритониё бо "як ҳукумати терруристӣ дар канори обҳои Медитарона ва дар марзи кишварҳои узви НОТУ" рӯбарӯ хоҳад буд.

Бар асоси бароварди давлати Бритониё ҳудуди 400 шаҳрванди ин кишвар дар канори шибҳинизомиёни "Давлати исломӣ" дар ҳоли набард ҳастанд ва эҳтимоли бозгашти ин афрод ба Бритониё ва таҳдиди эҳтимолии онҳо барои кишварашон ҳамвораи мавзуъи нигаронии масъулон будааст.

Оқои Комерун навишта ҳар кас дар Бритониё бо парчами Доъиш дида шуд, бояд дастгир шавад.

Пештар раҳбарони калисо дар Бритониё дар бораи ин ки ин кишвари "рӯйкарди мунсаҷиме" дар қиболи бархурд бо исломгароёни ифротӣ надорад, ҳушдор дода буданд.

Нерӯҳои "Давлати исломӣ" бахшҳое аз Ироқ ва Сурияро ишғол кардаанд ва қасд доранд бо таъсиси "хилофати исломӣ" дар ин манотиқ қавонини шариъатро ба иҷро дароваранд.

Пешравиҳои ахири Доъиш дар шимоли Ироқ ва манотиқе аз Сурия бо гузоришҳо аз қатли оми маҳаллӣ дар манотиқи мухталиф ҳамроҳ будааст.

Нерӯҳои пешмарги курд аз бомдоди шанбе, 16 август амалиётеро бо ҳимояти ҳавоии Омрико барои пас гирифтани сади Мусил ва манотиқи атрофи он оғоз кардаанд ва мегӯянд ин амалиёт бо пешравиҳо ҳамроҳ будааст.

Матолиби муртабит