Гузоришҳо аз вазъияти вахими курдҳои эзидӣ дар шимоли Ироқ
Image copyrightGettyЯк сухангӯи ҷомеъаи эзидии Ироқ гуфтааст, ки даҳҳо ҳазор нафар аз пайравони ин ойин баъд аз тасарруфи шаҳрҳои курднишини шимоли ғарби Ироқ тавассути Доъиш аз маҳалли зиндагиашон гурехтаанд.
Ҷавҳар Алибег ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки ҳудуди 40 ҳазор эзидии сокини шаҳрҳои курднишини Шингол (Синҷор) ва Зумор дар атрофи Мусил баъд аз фирор талош мекунанд, ки худро ба иқлими Курдистони Ироқ бирасонанд.
Шумори зиёде аз ин афрод, ки аз хонаводаҳои курдҳои эзидӣ ҳастанд баъд аз фирор аз дасти Доъиш ба кӯҳҳои атроф паноҳ бурдаанд, аммо ҳамчунон дар муҳосира ҳастанд.
Манобеъи хабарии наздик ба ҳизби Демукроти Курдистони Ироқ гузориш додаанд, ки теъдоде аз онҳо ба далели гуруснагӣ ва ташнагӣ дар кӯҳҳо ҷони худро аз даст додаанд.
Созмони Милали Муттаҳид дирӯз, якшанбеи 3 август аз овора шудани 200 ҳазор нафар дар ин минтақа хабар дода буд ва гуфта буд, ки бисёре аз беҷошудагон пайравони ойини эзидӣ ҳастанд.
Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба вуқуъи як "трожедии инсонӣ" дар ин минтақа ҳушдор дода ва гуфтааст, ки оворагон ниёзи фаврӣ ба маводи аввалия монанди обу ғизо ва дору доранд.
"Куштори эзидиён”
Манобеъи хабарии наздик ба курдҳо аз идомаи даргирӣ дар атрофи шаҳри Шингол баъд аз ақибнишинии нерӯҳои пешмаргаи курд аз ин минтақа хабар додаанд.
Бано бар ин гузоришҳо нерӯҳои курди Сурия, ки бо унвони "воҳидҳои ҳифозати халқ" шинохта мешаванд, барои кумак ба эзидиён аз марзи Сурия вориди амал шудаанд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории миллии Ироқ аз "куштори 70 пайрави ойӣни эзидӣ" тавассути нерӯҳои Доъиш хабар додааст. Бано бар ин гузориш ки Бибисӣ ба сурати мустақил қодир ба таъйиди он нест ин афрод аз ислом овардан сар боз зада буданд.
Манобеъи хабарии курд ҳам дар гузоришҳои ҷудогона аз "куштори хонаводаҳои эзидиён" тавассути Доъиш хабар додаанд.
Дар ин гузоришҳо ба нақл аз шоҳидон омадааст, ки нерӯҳои Доъиш дастикам ду ниёишгоҳи эзидӣ дар Шинголро вайрон кардаанд ва бо юриш ба бонкҳо ва сохтмонҳои давлатӣ даст ба ғорати амвол задаанд.
Муҷозоти марг
Нерӯҳои Давлати исломӣ ё Доъиш рӯзи якшанбе ва баъд аз чанд рӯзи даргирӣ бо нерӯҳои пешмаргаи курд дар шимоли ғарби Ироқ тавонистанд кунтрули чанд русто ва шаҳри кучак як чоҳи нафтӣ ва сади Мусил бузургтарин сади Ироқро ба даст бигиранд.
Сухангӯи ҷомеъаи эзидӣ ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки гурӯҳҳои исломгаро ба пайравони ойини эзидӣ ҳушдор додаанд, ки ислом биёваранд молиёт бидиҳанд ё ин минтақаро тарк кунанд, дар ғайри ин сурат муҷозоти марг дар интизори онҳо хоҳад буд.
Доъиш, пайравони ойини эзидиро ба шайтонпарастӣ муттаҳам мекунад ва пайравони онро "кофар" медонад.
Ба бовари эзидиён шайтон душмани аслии башарият нест, балки муқаррабтарин фариштаи худованд ва нахустин офаридаи ӯст ва малик Товус ном дорад; фариштае, ки ба эътиқоди онҳо худованд танҳо ба ин далел ба ӯ фармон дод ба одам саҷда кунад, ки ӯро бисанҷад ва ҳангоме ки ӯ аз саҷда кардан сар боз зад, бар тақарруб ба даргоҳи илоҳӣ афзуда шуд ва худованд идораи ҷаҳонро ба ӯ супурд.
"Давлати исломӣ" пештар аз масеҳиёни Мусил ҳам хоста буд, ки ё мусалмон шаванд, ё ҷизя (молиёт) бидиҳанд ва ё шаҳрро тарк кунанд.
