Ҳамлаи пайкорҷӯёни Доъиш ба шаҳре дар 80 килуметрии Бағдод

  • 13 Июл, 2014
Image copyrightnon

Пайкорҷӯёни суннӣ дар Ироқ ба шаҳри Зулуъия дар 80 килуметрии шимоли Бағдод, пойтахт ҳамла карданд ва бахшҳое аз онро гирифтаанд.

Пойгоҳи пулис ва сохтмонҳои давлатӣ аз ҷумлаи маконҳое аст, ки ба дасти шибҳнизомиёни таҳти раҳбарии Доъиш афтодааст.

Шаҳри Зулуъия пеш аз ин низ ба дасти шӯришиён афтода буд, аммо нерӯҳои давлатӣ муваффақ шуда буданд онҳоро аз шаҳр берун биронанд.

Хабаргузории Руйтерз мегӯяд, ки ҳамла ба шаҳри Зулуъия бо юриши 50 то 60 худрави ҳомили пайкорҷӯён сурат гирифтааст.

Хабаргузории Фаронса ҳам аз қавли як мақоми амниятӣ мегӯяд, ки дар даргирии Зулуъия шаш нафар кушта шудаанд.

Ҳамалоти Доъиш дар ҳоле идома дорад, ки ҷиноҳҳои сиёсии Ироқ ҳануз натавонистаанд бар сари интихоби нахуствазири ҷадид ба тавофуқ бирасанд. Гурӯҳҳои суннӣ ва курд ба шиддат мунтақиди сиёсатҳои Нурӣ Моликӣ, нахуствазири кунунӣ, ҳастанд ва бо нахуствазирии дубораи ӯ мухолифат мекунанд.

Бано аст аст порлумони Ироқ имрӯз барои интихоби нахуствазир, раиси ҷумҳур ва раиси маҷлис ташкили ҷаласа диҳад.

Ҷаласаи аввали порлумони Ироқ пас аз камтар аз ду соъат ва бо обструксиюни намояндагони курд ва суннӣ ниматамом монда буд.

Дирӯз Никулой Млодуф, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Ироқ ба ҷиноҳҳои мухталиф ҳушдор дод, ки ё ҳар чӣ зудтар давлате фарогир ташкил диҳанд ва ё шоҳиди фурӯпошии кишварашон бошанд.

Матолиби муртабит