Доъиш раҳбари худро "халифаи ҳамаи мусалмонони" дунё донист

  • 30 Июн, 2014
Image caption Сухангӯйи Доъиш гуфта, ки аз ин пас гурӯҳи вай дар истинод ба мукотиботи худ ба ҷои "Давлати Исломии Ироқ ва Шом" аз унвони "Давлати исломӣ" истифода хоҳад кард

Гурӯҳи Доъиш (Давлати Исломии Ироқ ва Шом) раҳбари худ Абӯбакри Бағдодиро "халифа" ва "раҳбари ҳамаи мусалмонони" ҷаҳон донистааст.

Дар як видиюи кӯтоҳ бар рӯйи интернет мунташиршуда Абӯмуҳаммад Аднонӣ, сухангӯйи Доиш, эълом карда, ки аъзои "шӯрои" ин гурӯҳ ташкили ҷаласа дода ва тасмим ба ташкили "хилофати исломӣ" ва таъйини халифа барои мусалмонон гирифтаанд.

Вай дар идома аз Абӯбакри Бағдодӣ ба унвони халифаи интихобии шӯрои Доъиш ном бурдааст. Ин дар ҳолест, ки Абубакри Бағдодӣ низ ин интихобро "қабул" карда ва худро раҳбари мусалмонони ҷаҳон донистааст.

Дар видиюи мунташиршуда ба василаи гурӯҳи Доъиш номи комил ва аслии Абӯбакри Бағдодӣ ба ин шакл зикр шуда: Иброҳим бини Аввод бини Иброҳим бини Алӣ бини Муҳаммад Бадрӣ Ҳошимии Қаршии Ҳусейнӣ.

Пайкорҷӯёни таҳти роҳбарии гурӯҳи тундрави Доъиш камтар аз се ҳафта пеш шаҳрҳои муҳимми Мавсил ва Такритро дар ихтиёр гирифтанд. Онҳо аз он пас ба пешравӣ идома додаанд ва ҳамакнун минтақаи васеъ дар Ироқ, аз ҷумла бахшҳое аз марзҳои ин кишвар таҳти кунтрули онҳо аст.

Сухангӯйи Доъиш дар бахше аз изҳороти ҷадиди худ барқарории хилофатро "орзуи қалбии ҳамаи мусалмонон" ва "умеди ҳамаи ҷиҳодгаон" донистааст.

Вай афзуда, ки аз ин пас гурӯҳи вай дар аснод ва мукотиботи худ ба ҷои Давлати Исломии Ироқ ва Шом" аз унвони "Давлати исломӣ" истифода хоҳад кард.

Мусалмонони суннӣ чаҳор ҳукмронеро, ки яке пас аз дигаре ба ҷонишинии паёмбари ислом расиданд, "халифа" меноманд. Пас аз онҳо ҳукмронони ду силсилаи "Амавӣ" ва "Аббосӣ" низ халифа номида мешуданд.

Охирин силсилаи хилофат дар сарзаминҳои исломӣ силсилаи Усмонӣ дар Туркия буд, ки дар соли 1924 мунқариз шуд.

Эъломи хилофати исломӣ

Абӯмуҳаммад Аднонӣ, сухангӯйи Доъиш, дар видиюи ин гурӯҳ, ки "Шикастани марзҳо" унвон дорад, эълом карда, ки хилофати исломӣ барпо шуда ва марзҳое, ки Бритониё пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Аввал дар Ховари Миёна расм карда, аз миён рафтаанд.

Ӯ ҳама мусалмонони ҷаҳонро фаро хонда, ки аз ҳар ҷо ки ҳастанд, байъати худро бо Абӯбакри Бағдодӣ ба унвони халифаи муслимин эълом кунанд.

Доъиш дар нахустин рӯзи моҳи Рамазон ва пас аз он эъломи хилофати исломӣ карда, ки гузаргоҳи марзии Букамол, ки Сурияро ба Ироқ муртабит мекунад, ба дасти ин гурӯҳ афтода ва иртибот миёни ду шохаи ин ҷунбиш дар Ироқ ва Сурия барқарор шудааст.

Бо аз байн рафтани марзи миёни ду кишвар пайвастагии сарзамине миёни тасарруфоти Доъиш дар Ироқ ва Сурия барқарор шуда ва амалан минтақае дар хоки ду кишвари Ироқ ва Шом таҳти ҳокимияти Доъиш падид омадааст.

Ин гузаргоҳро гурӯҳе мусаллаҳ вобаста ба Ҷабҳаи Нусрат, ки дар Сурия меҷангад ва худро бахше аз шабакаи Алқоъида муъаррифӣ мекунад, дар даст дошт, аммо дар рӯзҳои ахир ин афроди мусаллаҳ аз Ҷабҳаи Нусрат бурида ва ба Доъиш пайвастанд.

Ҳамазмон Ҷабҳаи Нусрат ҳам ҳамалоте ба ин ҷудошудагонро оғоз карда ва гузориш шуда, ки нерӯи ҳавоии Сурия ҳам ба бумборони мавозеъи нерӯҳои мухолиф дар ин минтақа пардохтааст.

Гурӯҳе дигар ба номи Артиши Саҳоба (Ҷайшулсаҳоба), ки дар атрофи Димишқ мустақар ва муттаҳиди Ҷабҳаи Нусратанд низ аз ин ҷабҳа бурида ва бо Доъиш пайвастаанд, ки миёни онон ва Ҷабҳаи Нусрат низ даргирӣ оғоз шуда ва ҳамчун Букамол, нерӯи ҳавоии Сурия низ дар ин минтақа вориди амал шудааст.

Ҳаводорони Ҷабҳаи Нусрат алайҳи эъломи хилофати исломӣ аз ҷониби Доъиш мавзеъ гирифта ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ин иқдомро мавриди таъну масхара қарор додаанд, аммо эҳтимол меравад дар сурати қудрат гирифтани бештари Доъиш гурӯҳҳои дигаре аз муттаҳидони Ҷабҳаи Нусрат ва Алқоъида низ ба Доъиш бипайванданд.

Матолиби муртабит