Доъиш ғайрисунниҳо ва мухолифонашро 'мекушад'

  • 4 Июл, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Аз замони оғози пешравиҳои Доъиш ҳудуди як милюн ироқӣ овора шудаанд

Паноҳҷӯёне, ки аз манотиқи таҳти тасарруфи Доъиш гурехтаанд, ба Би-би-сӣ гуфтаанд шибҳнизомиёни ин гурӯҳ ба таври равишманд ғайрисунниҳо ва мухолифони худро "аз сари роҳ бармеандозанд."

Доъиш аз низомиён ва мақомҳои маноти қтаҳти тасарруфи худ хоста бо Абӯбакр Бағдодӣ, ки муддаъии хилофати муслимини ҷаҳон аст, байъат кунанд ва дар ғайри ин сурат эъдом мунтазири онҳост.

Аз замони ишғоли Такрит, Мавсил ва чанд шаҳри дигар дар шимоли шарқи Ироқ, ҳудуди як милюн нафар аз шаҳрвандони ин манотиқ овора шудаанд.

Ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз замони оғози пешравиҳои Доъиш дар моҳи июни гузашта 2461 нафар кушта шудаанд.

Рӯзи панҷшанбе ҳамчунин Ироқ шоҳиди таҳаввулоти ҷадиде буд:

  • Мақомҳои Ироқ иддаъои тарки сарбозони артиши ин кишвар дар марзи Ироқ ва Арабистони Саъудиро такзиб карданд. Арабистони Саъудӣ эълом карда, 3 ҳазор сарбоз ба марзҳои худ бо Ироқ гусел кардааст.
  • Туркия эълом кардааст 32 ронандаи комюни ин кишвар, ки дар дасти шибҳинизомиёни суннӣ асир буданд, озод ва таҳвили диплумотҳои ин кишвар шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз 49 шаҳрванди дигари Туркия дар асорати шибҳнизомиён қарор доранд.
  • Ҳиндустон эълом карда 46 парастори аҳли ин кишвар, ки тавассути шӯришиёни мусаллаҳ ба асорат гирифта шудаанд, дар саломат ба сар мебаранд, аммо онҳоро ба маконе ҷадид мунтақил кардаанд. 40 коргари ҳиндии паймонкори сохтмоне ҳам, ки дар Мавсил тавассути шибҳнизомиёни суннӣ ба асорат гирифта шуда буданд, ҳамчунон дар ихтиёри нерӯҳои Доъиш ҳастанд, аммо ба онҳо осебе нарасидааст.

Поксозии манотиқи таҳти асарруфи Доъиш

Паноҳҷӯёне, ки аз манотиқи таҳти тасарруфи Доъиш фирор кардаанд ба гузоришгари Би-би-сӣ гуфтаанд шибҳнизомиёни ифротии суннӣ дар манотиқи таҳти тасарруфи худ "поксозиро" оғоз кардаанд.

Аксари ин паноҳҷӯёни шиъаи курд ва ё масеҳианд.

Ҳасан, ки як курд аст, мегӯяд 16 рӯз дар асорати шибҳнизомиён буда ва танҳо ҳангоме раҳоӣ ёфта, ки хонаводааш 51 ҳазору 500 дулор ба нерӯҳои Доъиш пардохтаанд.

Ӯ мегӯяд: "Шиъаҳоро агар нашавад бо зиндониҳои суннӣ мубодила кард, хеле роҳат гардан мезананд."

Башор Халил, ки аз Мавсил гурехта ва аз мақомҳои маҳаллӣ дар ин шаҳри Ироқ буда, мегӯяд шибҳнизомиён дар бораи мардум иттилоъот ҷамъоварӣ мекунанд ва бонки иттилоъотӣ аз афроде ки корманди давлат ё низомӣ будаанд, таҳия кардаанд.

Ӯ мегӯяд: "Агар бо халифа байъат накунӣ, онҳо туро мекушанд. Хелеҳо дар Мавсил нопадид шудаанд."

Ҳамзамон гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ҳам гузориш кардаанд нерӯҳои Доъиш маҳалла ба маҳалла ҳаракат мекунанд ва ғайрисунниҳо ва мухолифони худро аз пой дармеоваранд.

Давлати Исломии Ироқ ва Шом, Доъиш, чанд рӯз пеш хабари ташкили як давлати исломӣ дод ва раҳбари худ Абубакри Бағдодиро ба унвони халифаи муслимин муъаррифӣ кард.

Image copyrightBBC World Service

Матолиби муртабит