Раҳбари Доъиш хостори "ҳиҷрати мусалмонон ба Ироқ ва Сурия шуд"

  • 2 Июл, 2014
Image copyrightReuters

Раҳбари гурӯҳи ҷиҳодгарои Доъиш аз мусалмонони ҷаҳон хоста барои кумак ба сохтани як кишвари исломӣ ба Ироқ ва Сурия муҳоҷират кунанд.

Ин баёния чанд рӯз пас аз он содир мешавад, ки Доъиш тасмими худ барои ташкили "хилофати исломӣ"-ро эълом ва Абӯбакр Албағдодиро халифаи мусалмонони ҷаҳон муъаррифӣ кард.

Акнун оқои Бағдодӣ дар ин баёния гуфта, ки ҳиҷрати мусалмонон ба кишвари исломӣ аз воҷибот аст.

Ӯ ҳамчунин тайи "дархосте вижа" аз қуззот, пизишкон, муҳандисон ва афроди мутахассис дар умури низомӣ ва идорӣ кумак хост.

Доъиш мегӯяд дар навоҳии таҳти кунтрули худ дар Ироқ ва Сурия тасмим ба ташкили "хилофати исломӣ" гирифтааст.

Давлати марказии Ироқ дар як моҳи ахир кунтрули бахшҳои васеъе аз навоҳии ин кишварро дар набард бо Доъиш (Давлати Исломии Ироқ ва Шом) аз даст додааст.

Ин гурӯҳ мегӯяд, ки ин "давлати исломӣ" аз Ҳалаб дар шимоли Сурия то устони Диёла дар шарқи Ироқ кашида мешавад.

Эҷоди давлате таҳти ҳокимияти шариъати исломӣ аз дербоз орзуи бисёре аз ҷиҳодгароёни минтақа будааст.

Албағдодӣ рӯзи сешанбе дар як паёми тозаи савтӣ гуфт: "Мусалмонон ба кишвари худ биштобед. Бале ин давлати шумост. Биштобед, зеро Сурия на мутаъаллиқ ба суриҳо ва Ироқ на мутаъаллиқи ироқиҳост."

"Эй мусалмонон дар ҳар куҷо ҳастед ва ҳар кас дар миёни шумо қодир ба ҳиҷрат ба Давлати Исломӣ аст, бигзоред чунин кунад, зеро ҳиҷрат ба сарзамини исломӣ воҷиб аст."

Ӯ ҳамчунин аз ҷиҳодгароён хост набардҳоро дар моҳи рамазон, ки якшанбе шурӯъ шуд, ташдид кунанд.

Ӯ дар ин паёми савтии 19-дақиқаӣ гуфт: "Ҳеҷ амале дар ин моҳи муборак ё ҳар замони дигар беҳтар аз ҷиҳод дар масири худо нест, пас аз ин фурсат баҳра бигиред ва дар масири ҳаққе, ки пешиниён рафтанд, гом бардоред."

Иттилоъоти чандоне дар бораи раҳбари Доъиш, ки ба "Шайхи номаръӣ" мавсум аст, вуҷуд надорад. Ӯ бар хилофи раҳбарони Алқоъида паёмҳои видиюӣ мунташир намекунад.

Ӯ дар ин паём аз феҳристи баланде аз кишварҳое, ки ба гуфтаи ӯ ҳуқуқи мусалмононро нақз мекунанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Офриқои Марказӣ, Мионмор (Бирма) ном бурд ва гуфт: "Бахудо интиқом хоҳем гирифт! Ҳатто агар тӯл бикашад, интиқом хоҳем гирифт."

Доъиш сешанбе гуфт, ки шаҳри Букамол дар Сурия дар марзи Ироқро тасхир кардааст.

Ҳамчунин гузориш шуд, ки раҳбари ин гурӯҳ беш аз яксад зиндониро, ки дар шаҳри Албоб дар шимоли Сурия таҳти боздошт дошт, озод кардааст.

Дар ҳамин ҳол,ӣпайкорҷӯёни Доъиш дар видиюе, ки дар интернет мунташир шуда дар ҳоли роҳпаймоӣ дар шаҳри шимолии Рафъа дида мешаванд.

Онҳо дар ин роҳпаймоӣ аз ҷумла ба мушакҳои "Искод" мусаллаҳ ва савор бар васоили нақлияи низомӣ ҳастанд.

Созмони Милал гузориш кардааст, ки дар тӯли моҳи июн ҳадди ақал 2417 ироқӣ дар хушунатҳои ин кишвар ҷони худро аз даст доданд, ки ҳудуди 1500 нафари онҳо ғайринизомӣ буданд.

Матолиби муртабит