Даргириҳои тоза дар Такрити Ироқ
Image copyrightReutersДаргириҳои тозае миёни пайкорҷӯёни суннӣ ва нерӯҳои давлати Ироқ перомуни шаҳри Такрит рӯй додааст.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд минтақа шоҳиди мавҷе аз ҳамалоти ҳавоӣ буда ва кохи собиқи Саддом Ҳусейн, раҳбари пешини Ироқ ,низ ҳадаф қарор гирифтааст.
Як манбаъи маҳаллӣ ба Би-би-сӣ гуфт шӯришиёни мусаллаҳ бахшҳое аз подагони низомии наздик ба Такритро тасарруф кардаанд.
Даргириҳои тоза як рӯз пас аз эъломи "хилофати исломӣ" тавассути нерӯҳои Доъиш рӯй додааст.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, эълом карда, ки 200 нерӯи низомии дигарро барои дифоъ аз сафорати Омрико дар Бағдод ба ин кишвар эъзом мекунад.
Ин маъмурияти тоза теъдоди нерӯҳои низомии Омрико дар Ироқ ва атрофи онро ба 800 нафар мерасонад.
Бо ин вуҷуд, раиси ҷумҳурии Омрико таъкид карда нерӯҳои размии омрикоиро барои ҷангидан дар канори сарбозони ироқӣ эъзом нахоҳад кард.
Даргириҳои пай дар пай
Бар асоси гузоришҳо, мухолифони мусаллаҳи давлат, рӯзи душанбе бо вуҷуди ҳамалоти ҳавоии давлат бо чархболҳои ҷангӣ бахшҳое аз як подгони артиш дар шимоли Такритро тасарруф кардаанд.
Давлати Ироқ берун ронда шудани як корвони низомиро, ки барои кумак ба ин подагон омада буд, рад кардааст.
Такрит 11 июн ба тасарруфи шибҳнизомиён ба раҳбарии Доъиш даромад.
Нерӯҳои Доъиш аз он замон шимол ва ғарби Ироқро ба майдони тохту този худ табдил кардаанд ва ин минтақа дар рӯзҳои ахир шоҳиди даргириҳои шадиди миёни Доъиш ва нерӯҳои давлатӣ будааст.
Рӯзи ҷумъа сарбозони ироқӣ бахшҳое аз муҷтамаъи донишгоҳии Такритро пас гирифтанд.
Як ҳамлаи дигар дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо муқовимати шадиди нерӯҳои Доъиш рӯбарӯ шуд ва нерӯҳои давлатӣ маҷбур ба ақабнишинӣ шуданд.
