Доъиш аз шибҳнизомиёни Ироқ хост силоҳҳоро таҳвил диҳанд
Image copyrightReutersДоъиш аз шибҳнизомиёни дигар хоста силоҳҳояшонро таҳвил диҳанд ва ба нишонаи пайравӣ аз ин гурӯҳ савганди вафодорӣ бихӯранд.
Доъиш ё Давлати исломии Ироқ ва Шом, Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари худро "халифа" ва "раҳбари ҳамаи мусалмонони ҷаҳон" муъаррифӣ карда ва гуфтааст Шӯрои Дjъиш тасмим гирифта "хилофати исломӣ" ташкил диҳад ва барои мусалмонон халифа таъйин кунад.
Дархости канор гузоштани силоҳ вазъиятро барои соири шибҳнизомиёни суннӣ, аз ҷумла ҳомиёни собиқи Саддом Ҳусейн, артишиҳои норозӣ ва қабилаҳои суннӣ, ки ҳомии Доъиш ҳастанд, душвор хоҳад кард.
Онҳо маҷбур хоҳанд шуд аз ҷанг бо давлати марказии Ироқ даст бикашанд ё бо шибҳнизомиёни Доъиш рӯбарӯ шаванд.
Талош барои ташкили давлати исломӣ
Доъиш ахиран аз мусалмонони ҷаҳон хоста барои кумак ба сохтани кишвари исломӣ ба Ироқ ва Сурия муҳоҷираткунанд.
Оқои Бағдодӣ аз қозиён, пизишкон, муҳандисон ва низомиёни мутахассис хоста барои кумак ба ташкили давлати исломӣ ба Ироқ ва Сурия бираванд
Давлати Исломии Ироқ ва Шом дар як моҳи ахир кунтрули бахшҳои васеъе аз навоҳии Ироқро дар ихтиёр гирифта, ба тавре ки ба гуфтаи худи ин гурӯҳ аз Ҳалаб дар шимоли Сурия то устони Диёла дар шарқи Ироқро дар кунтрул дорад.
Сухангӯйи Доъиш гуфта аз ин пас гурӯҳ дар истинод ва мукотиботи худ ба ҷои Давлати Исломии Ироқ ва Шом аз унвони "Давлати исломӣ" истифода хоҳад кард.
Созмони Милал гузориш дода дар моҳи июн дастикам 2417 ироқӣ дар хушунатҳои ин кишвар ҷони худро аз даст доданд, ки ҳудуди 1500 нафари онҳо ғайринизомӣ будаанд.
