Доъиш видиюи дигаре аз қатли шиъиёни ироқиро пахш кард
Image copyrightReutersВебсойти мутаъаллиқ ба Доъиш як навори видиюии шомили куштори теъдоде ҷавонони ироқиро мунташир кардааст.
Ин навори видиюии сидақиқаӣ ба муносибати Иди фитр дар вебсойти "Давлати исломӣ" қарор дода шуда ва дар он нафароти мусаллаҳи Доъиш дида мешаванд, ки моск ба сурат зада ва теъдоде ҷавонро ба суи як рӯдхона ҳидоят мекунанд.
Афроди мусаллаҳ дар канори рӯдхона бо шиллики гулӯла ба сари ин ҷавонон ононро ба қатл мерасонанд ва аҷсодашонро дар об меандозанд.
Мушаххас нест, ки оё қурбониёни ин иқдом аз низомиёни ироқӣ ҳастанд ё ҷавонони одӣ, аммо дар ин навор гуфта мешавад, ки онон шиъа ҳастанд.
Зоҳиран ин навори видиюӣ бо ҳадафи тазъифи рӯҳияи низомиёни ироқӣ таҳия ва мунташир шудааст ва дар он ба низомиёни ироқӣ ҳушдор дода мешавад, ки дар сурате ки дар садади муқовимат бароянд, ба ҳамин сарнавишт дучор мешаванд.
Интишори наворҳои видиюӣ аз қатли афрод аз суи Доъиш иқдоми бесобиқа нест ва бахше аз ҷанги таблиғотии ин гурӯҳ алайҳи давлат ба раҳбарии шиъиён дар Ироқро ташкил медиҳад.
Пештар низ наворҳои видиюии шомили қатли низомиёни ироқӣ дар вебсойти ин гурӯҳ интишор ёфта буд. Дар яке аз ин наворҳо чандин нафар, ки юнифурми артиши Ироқро бар тан доштанд, дар баробари дурбин бо гулӯлаи афроди Доъиш ба қатл мерасанд.
Қабл аз қатли ин афрод онон ногузир мешуданд то ба ҳимоят аз Доъиш шиъор диҳанд.
Гурӯҳи мавсум ба “Давлати исломии Ироқ ва Шом” ки дар чанд соли ахир ба як нерӯи умдаи зидидавлатӣ дар Сурия табдил шуда ва бо нерӯҳои давлатии Ироқ даргир будааст, дар моҳи май тавонист шаҳрҳои Мусел ва Тикритро тасарруф кунад ва ба таҳкими мавқеъияти худ дар бахшҳое аз Ироқ бипардозад.
Доъиш сипас эълом кард, ки дар ин навоҳӣ давлат ё хилофати исломӣ ташкил дода ва Абӯбакр Албағдодиро ба унвони халифа ва раҳбари муслимини ҷаҳон муъаррифӣ кард.
Даргирии байни нерӯҳои Ироқ ва нафароти Доъиш идома дошта, аммо ҳанӯз нерӯҳои давлатӣ қодир ба поксозии ин манотиқ аз нерӯҳои ин гурӯҳ набудаанд.
Ниҳодҳои ҳуқуқибашарии Созмони Милал гуфтаанд, ки иқдомоти Доъиш метавонад мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият ва қобили пайгарди байналмилалӣ бошад.
