Ҳушдори Созмони Милал дар пайи пешравии Доъиш дар манотиқи курднишини атрофи Мусил

  • 3 Август, 2014

Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияе тасхири "тақрибан тамоми шаҳри Синҷор ва минтақаи Тал Афар" дар устони Нинаво дар шимоли ғарби Ироқ тавассути нерӯҳои Доъиш ва муттаҳидонашро таъйид карда ва нисбат ба вуқуъи як "трожедии инсонӣ" дар ин минтақа ҳушдор додааст.

Ба гуфтаи дафтари маъмурияти имдоди Созмони Милали Муттаҳид дар Ироқ (Юномӣ) 200 ҳазор нафар, ки бештари онҳо аз ҷомеъаи курдҳои эзадӣ ҳастанд, аз ин минтақа гурехтаанд.

Манотиқи курднишини шимоли Мусил дар рӯзҳои ахир шоҳиди даргирии миёни Доъиш ва пешмаргаи курд буда ва гузоришҳо ҳокӣ аз пешравии Доъиш ва тасхири чанд шаҳр ва рустои кучак дар ин минтақа аст.

Пеш аз тасхири Синҷор, нерӯҳои Доъиш кунтрули шаҳри кучаки Зумор ва ду майдони нафтии атрофи онро ҳам баъд аз набард бо нерӯҳои пешмаргаи курд дар ин минтақа ба даст гирифтанд.

Зумор шаҳре умдатан курднишин аст, ки пеш аз ҳамалоти моҳҳои ахири Доъиш дар кунтрули давлати марказии Ироқ дар Бағдод буд.

Аммо ҳудуди ду моҳи пеш ва дар пайи пешравиҳои Доъиш ё "Давлати исломӣ" дар шимоли Ироқ нерӯҳои курд кунтрули ин шаҳри кучакро ба даст гирифтанд.

Дар баёнияи Юномӣ шароити ғайринизомиён дар ин манотиқ "вахим" тавсиф шуда ва гуфта шуда, ки сокинони он ниёзи фаврӣ ба маводи аввалия монанди обу ғизо ва дору доранд.

Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эмании ин ғайринизомиён ва касоне, ки дар муҳосираи Доъиш ҳастанд, ба шиддат ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гуфтаи сокинони Зумор нерӯҳои Доъиш баъд аз ақаб рондани пешмарга ва ба даст гирифтани шаҳр парчамҳои сиёҳи худро бар фарози сохтмонҳои он насб карданд.

Доъиш талош мекунад чоҳҳои нафт ва манотиқи истротежики шимоли ғарби Ироқро ба тасхири худ дароварад.

Доъиш ки раҳбари худ Абӯбакр Албағдодиро "халифаи" мусалмонон муъаррифӣ мекунад, бахшҳое аз Сурия ва Ироқро дар ихтиёр дорад.

Талоши нерӯҳои давлатии Ироқ барои пас гирифтани шаҳрҳои муҳимме, ки ба дасти ин гурӯҳ афтода, то кунун муваффақ набудааст.

Матолиби муртабит