Убомо муҷаввизи ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи Доъишро содир кард

  • 8 Август, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Борок Убомо гуфта агар Доъиш ба Арбил бирасад, ҷангандаҳои омрикоӣ вориди амал хоҳанд шуд

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, мегӯяд нерӯи ҳавоии ин кишвар ирсоли ҳавоии кумакҳои башардӯстона ба оворагони ироқиро оғоз кардаанд ва дар сурати таҳдидии манофеъи ин кишвар дар Ироқ ҷангандаҳои омрикоӣ иҷоза ёфтаанд ба мавозеъи Доъиш ҳамла кунанд.

Суханони раиси ҷумҳурии Омрико дақоиқе баъд аз он матраҳ шуд, ки як мақоми аршади вазорати дифоъи ин кишвар таъйид кард ҳавопаймоҳои таробарии артиши Омрико бо парвоз бар рӯйи манотиқе аз Ироқ кумакҳои башардӯстона назири обу ғизо ва таҷҳизоти зарурӣ барои оворагони ин кишвар рехтаанд.

Оқои Убомо ҳамчунин гуфтааст "Омрико наметавонад ва набояд дар баробари ҳар буҳроне, ки ба вуҷуд меояд, иқдом кунад."

Бо вуҷуди ин, оқои Убомо таъкид карда сарбозони омрикоӣ ба Ироқ бознахоҳанд гашт ва ин кишвар қасд дорад эъзоми нерӯ ба Ироқро надорад.

Ӯ гуфт ин иқдоми Омрико дар ҷиҳати пешгирӣ аз вуқӯъи наслкушӣ дар Ироқ сурат мегирад.

Вай ҳамзамон гуфт: "Мо бояд барои пешгирӣ аз наслкушӣ бодиққат ва масъулона иқдом кунем... Имрӯз Омрико барои кумак мудохила мекунад ва агар нерӯҳои давлати исломӣ ба Арбил наздик шаванд, мо ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи онҳо тартиб хоҳем дод."

Омрико дар Арбил кунсулгарӣ дорад. Илова бар диплумотҳои ин кишвар, ки дар ин шаҳри Ироқ мустақаранд, афсарони низомии омрикоӣ ҳам дар Арбил ҳозиранд ва вазифаи омӯзиши нерӯҳои ироқиро бар уҳда доранд.

Он тавр, ки Петогун, вазорати дифоъи Омрико эълом карда, ҳавопаймои таробарӣ-низомии ин кишвар рӯзи панҷшанбе бо парвоз бар фарози манотиқи атрофи шаҳри Санҷор барои оворагони ин шаҳр, ки ағлаб аз ақаллияти эзидиёни Ироқ ҳастанд, бастаҳои ҳовии обу ғизо партоб кардаанд.

Image copyrightGetty
Image caption Он тавр, ки гузориш мешавад, пешмаргаҳои курд натавонистанд монеъ аз пешравии Доъиш шаванд.

Раиси ҷумҳури Омрико таъкид карда кишвараш "метавонад ва бояд" аз ҷиноҳҳои муътадил дар Ироқ ҳимоят кунад, то ин кишвар ба субот бирасад.

Ҳамзамон Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳамалоти шибҳинизомиёни ҷиҳодӣ дар Ироқ ба ақаллиятҳои қавмиву мазҳабиро маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Ироқ ҳазорон шаҳрванди масеҳии ин кишвар аз бими ҷонашон Қарақӯш ва чанд рустои дигарро тарк карда ва ба биёбонҳо паноҳ бурдаанд.

Дар чанд рӯзи гузашта бисёре аз эзидиёни (эзадиён) Ироқ ҳам бо пешравии нерӯҳои Давлати Исломӣ (Доъиш) хона ва кошонаи худро тарк карда ва ба кӯҳистонҳо паноҳ бурдаанд.

Ҳамзамон бо ҷаласаи имрӯзи Шӯрои Амният, Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳам гуфта "амиқан ҳаросони" вазъияти ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар Ироқ аст.

Идомаи пешравиҳо ва аз ҷумла тасарруфи бузургтарин шаҳри масеҳинишини Ироқ тавассути Доъиш нигаронии байналмилалиро барангехтааст.

Гуфта мешавад беш аз сад ҳазор масеҳии ироқӣ дар пайи пешравии нерӯҳои Давлати Исломӣ овора шудаанд.

Як шоҳиди айнӣ дар Қарақуш гуфта нерӯҳои Давлати Исломӣ пас аз вуруд ба ин шаҳр салибҳоро пойин мекашанд ва навиштаҳои муқаддаси масеҳиёнро месӯзонанд.

Матолиби муртабит