Эзидиёни Курдистони Ироқ "дар хатари қаҳтӣ ҳастанд"
Image copyrightGettyЯк мақоми аршади иқлими Курдистони Ироқ ҳушдор додааст, ки агар барои наҷоти 50 ҳазор нафар аз аъзои ақаллияти эзидӣ дар шимоли Ироқ иқдоме нашавад, онҳо дучори қаҳтӣ хоҳанд шуд.
Рӯзи якшанбе сеюми август ва замоне ки нерӯҳои "Давлати исломии Ироқ" (гурӯҳе, ки пеш аз ин бо номи Доъиш шуҳрат дошт) дар ҳоли дар ихтиёр гирифтани кунтрули шаҳри Шингол (Синҷор) дар шимоли Ироқ буд, курдҳои эзидии сокини он шаҳр бо захираи каме аз об ва маводи ғизоӣ ба кӯҳҳои атрофи шаҳр гурехтанд.
Ҷаббор Ёвар, яке аз мақомоти аршади нерӯҳои пешмаргаи Курдистони Ироқ гуфтааст, ки бисёре аз касоне, ки аз Шингол фирор кардаанд, ҷони худро аз даст додаанд.
Ӯ ҷузъиёти бештаре ироа накард.
Нерӯҳои Давлати исломӣ рӯзи якшанбе, сеюми август ба ҷуз шаҳри Шингол, кунтрули шаҳри Зуморро ҳам дар ихтиёр гирифтанд ва як майдони нафтии минтақаро ба ҳамроҳи сади Мусил тасарруф карданд.
Пеш аз ин Созмони Милали Муттаҳид эълом карда буд, ки гузоришҳои муътабаре дарёфт кардааст мабнӣ бар ин ки 40 кӯдак аз ақаллияти курди эзидӣ бар асари паёмҳои ҳамлаи нерӯҳои Доъиш ҷони худро аз даст додаанд.
Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид ҳудуди 25 ҳазор кӯдак ба ҳамроҳи хонаводаҳо дар кӯҳҳои атрофи Шингол ба сар мебаранд.
Пайравони ойини эзидӣ бовар доранд, ки шайтон душмани аслии башарият нест, балки муқаррабтарин фариштаи худованд ва нахустин офаридаи ӯст ва худованд танҳо ба ин далел ба ӯ фармон дод ба одам саҷда кунад, ки ӯро бисанҷад ва ҳангоме ки ӯ аз саҷда кардан сар боз зад, бар тақарруб ба даргоҳи илоҳӣ афзуда шуд ва худованд идораи ҷаҳонро ба ӯ супурд.
Аммо бано бар гузоришҳо Доъиш, пайравони ин ойинро шайтонпараст медонад ва аз онҳо хостааст то ислом биёваранд ва ҷизя бидиҳанд ё минтақаро тарк кунанд, дар ғайри ин сурат кушта хоҳанд шуд.
Созмони Милали Мутаҳид пеш аз ин нисбат ба вуқуъи "як трожедии инсонӣ" дар ин минтақа ҳушдор дода ва гуфта буд, ки оворагони ақаллияти эзидӣ ба об, маводи ғизоӣ ва дору ниёзи фаврӣ доранд.
