Убомо: Иҷозаи ташкили хилофати исломӣ дар Ироқу Сурияро намедиҳем
Image copyrightReutersБорок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, гуфтааст, ки иҷозаи ташкили хилофати исломӣ дар Сурия ва Ироқро нахоҳад дод.
Оқои Убомо ҳамчунин гуфтааст дар сурати лузум ҳамалоти ҳавоии Омрико алайҳи мавозеъи 'Давлати Исломӣ' дар Ироқ идома пайдо хоҳад кард, аммо нерӯҳои артиши Омрико ба хоки Ироқ бознахоҳанд гашт.
Раиси ҷумҳурии Омрико дар гуфтугӯ бо рӯзномаи 'Ню-Юрк Тоймз' гуфт, ки давлаташ барои таваққуфи пешравии шибҳинизомиёни 'Давлати Исломӣ' дар Ироқ, ҳам ба дунболи ҳифзи манофеъи истротежики худ дар минтақа аст ва ҳам талош мекунад аз вуқӯъи як наслкушии эҳтимолӣ дар Ироқ монеъ шавад.
Оқои Убомо гуфт Омрико иҷозаи ташкили хилофати исломӣ дар минтақаро намедиҳад, аммо афзуд ин танҳо дар сурате имконпазир аст, ки Омрико шуракое дар минтақа пайдо кунад, ки қодир ба пур кардани халои бавуҷудомада бошанд.
Оқои Убомо дар посух ба ин суол, ки оё мавзеъи Эрон дар ин таҳаввулот кумаке карда ё на, гуфт: 'Ман фикр мекунам, эрониҳо билохира ба ин натиҷа расиданд, ки мавзеъи шиъиён барои дар даст доштани ҳадди аксари қудрат дар Ироқ дар буландмуддат маҳкум ба шикаст аст."
Вай афзуд: "Ин дар миқёсе бузургтар дарсе аст барои тамоми кишварҳо: шумо сад дарсадро мехоҳед ва муътақидед ҳама чиз моли баранда аст, ин корро хароб мекунад.'
Рӯзи ҷумъа ҷангандаҳои Омрико дар чанд навбат ба корвонҳои шибҳинизомиёни 'Давлати Исломӣ' дар шимоли Ироқ ҳамла карданд. Ин ҳамалот ҳамзамон бо пешравии нерӯҳои Доъиш ба сӯи Арбил, маркази Иқлими Курдистони Ироқ, сурат гирифт.
Аз рӯзи панҷшанбеи гузашта Омрико кумакрасонии ҳавоӣ ба сокинони манотиқи курднишини минтақаро ҳам шурӯъ кардааст. Сокинони ин манотиқ, ки бештар аз ҷомеъаи курдҳои эзадӣ ҳастанд, дар пайи ҳамалоти Доъиш аз ҳудуди як ҳафта пеш аз маҳалли зиндагияшон гурехтаанд ва дар кӯҳҳо ва биёбонҳои шимоли Ироқ овора шудаанд.
'Шикастани муҳосира'
Оқои Убомо дар нутқи родиюии ҳафтагияш гуфт, ки исломгароёни тундрав занонро ба бардагӣ мегиранд ва ақаллияти эзадиёни Ироқро таҳдид ба нобудӣ кардаанд.
Ӯ гуфт, ки ҳамалоти ҳавоии Омрико метавонад ба шикастани муҳосираи оворагони эзадӣ, ки дар кӯҳҳо гирифтор шудаанд, кумак кунад.
Раиси ҷумҳурии Омрико гуфт, ки ин кишвар дар сартосари Ироқ, аз ҷумла Бағдод ва Арбил, коркуноне дорад, ки ҳар иқдоме, ки лозим бошад, барои ҳифозат аз онҳо анҷом хоҳад дод.
Ба гуфтаи Жиёри Гул, хабарнигори Би-би-сии Форсӣ дар Арбил, пас аз ҳамалоти Омрико алайҳи 'Давлати Исломӣ' рӯҳияи нерӯҳои пешмарги курд тақвият шуда ва хиёбонҳои Арбил ва Каркук шоҳиди ҷашну пойкӯбии мардум будааст.
Дар тайи як ҳафтаи гузашта нерӯҳои Давлати Исломӣ бо пешравӣ дар манотиқи курднишини шимоли Ироқ пешмаргҳои курдро дар чанд минтақа ба ақаб рондаанд ва илова бар чанд шаҳру русто кунтрули бузургтарин садди Ироқ дар Мавсилро ҳам ба даст гирифтаанд.
