Дастрасии эзадиҳои Ироқ ба кумакҳои ҳавоии Омрико
Image copyrightAPАз шимоли Ироқ гузориш мерасад, ки кумакҳои ғизоии ҳавопаймоҳои таробарӣ-низомии Омрико ба дасти ҳазорон тан аз пайравони ойини Эзадӣ расида, ки аз бими пешравии шибҳинизомиёни "Давлати Исломӣ" ба кӯҳистонҳо паноҳ бурдаанд.
Тайи чанд соъати гузашта маводди ғизоии бештаре барои ин оворагон партоб шудааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Арбил мегӯяд нерӯҳои пешмарги курд ба бастаҳои обу маводди ғизоӣ, ки шаби гузашта партоб шуд, дастрасӣ пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи Жиёр Гул, пас аз он ки Омрико ба ду ришта амалиёти ҳавоӣ алайҳи мавозеъи шибҳинизомиёни "Давлати Исломӣ" даст зад, рӯҳияи ҷангҷӯёни курд тақвият шуда ва хиёбонҳои Арбил ва Каркук шоҳиди ҷашну пойкӯбии мардум буд.
Вазорати дифоъи Омрико мегӯяд ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва ҷетҳои ҷангандаи ин кишвар ба яке аз мавозеъи хумпораандоз ва корвоне муташаккил аз ҳафт василаи нақлияи мутаъаллиқ ба шибҳинизомиёни "Давлати Исломӣ" ҳамла кардаанд.
Ҳавопаймоҳои таробарӣ-низомии Омрико дар тӯли шаби гузашта барои дувумин бор барои ҳазорон ироқӣ, ки аз бими шибҳинизомиёни "Давлати Исломӣ" дар кӯҳистонҳо паноҳ гирифтаанд, маводди ғизоӣ ва об партоб карданд. Ин кумакрасонӣ чанд соъат пас аз ҳамалоти ҳавоии тозаи Омрико ба шибҳинизомиёни "Давлати Исломӣ" сурат гирифт.
Устролиё гуфтааст дар ҳоли музокира бо Вошингтун дар бораи имкони мушорикат дар амалиёти партоби кумакҳои инсондӯстона аст. Бритониё ва Фаронса низ рӯзи ҷумъа гуфта буданд, ки дар ин кор ба Омрико кумак мекунанд.
Гурӯҳи "Давлати Исломӣ", ки бо номи Доъиш шуҳрат пайдо кард, қабл аз Ироқ кунтрули бахшҳои васеъе аз Сурияро дар даст гирифт. Ин гурӯҳ тайи чанд моҳи ахир бахшҳои бузурге аз хоки Ироқро тасарруф кардааст ва акнун шаҳри Арбил, маркази Иқлими Курдистони Ироқро таҳдид мекунад.
Мақомҳои курд мегӯянд нерӯҳои Давлати Исломӣ кунтрули бузургтарин садди Ироқ дар Мавсилро ба даст гирифтаанд, ки ин метавонад ба онҳо имкон диҳад, ки шаҳрҳоро ба зери об бигиранд ва манобеъи ҳаётии обу барқро қатъ кунанд.
Омрико раҳбарони Ироқро таҳти фишор гузошта, то як давлати ваҳдати миллӣ ташкил диҳанд, ки тавони муқобала бо шибҳинизомиёни Давлати Исломиро дошта бошад.
