Салим Ҷабурӣ, сиёсатмадори суннӣ ба унвони раиси маҷлиси Ироқ интихоб шуд
Image copyrightAFPНамояндагони маҷлиси Ироқ Салим Ҷабурӣ, сиёсатмадори суннии ин кишварро ба унвони раиси ҷадиди маҷлиси ин кишвар интихоб карданд.
Коршиносони масоъили Ироқ умедворанд, ки интихоби оқои Ҷабурӣ, аввалин гом барои поён додан ба бунбасти сиёсӣ дар ин кишвар бошад.
Салим Ҷабурӣ, намояндаи исломгарои миёнарави маҷлиси Ироқ аз суи Шурои намояндагон, бузургтарин гурӯҳи намояндагони суннии маҷлис кондидои ин симат шуда буд.
Оқои Ҷабурӣ, ки намояндаи Диёла дар маҷлис аст, бо раъйи 194 нафар аз намояндагон интихоб шуд.
Намояндагони маҷлиси Ироқ дар гоми баъдӣ бояд раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири ҷадиди Ироқро интихоб кунанд.
Раиси ҷумҳурии Ироқ бояд аз миёни курдҳо интихоб шавад ва нахуствазир бояд шиъа бошад.
Интихоби нахуствазир душвортарин интихоб барои намояндагони маҷлис хоҳад буд, чун ҳануз иттифоқи назаре дар ин маврид вуҷуд надорад.
Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ, ки амалкарди ӯ бо интиқод ҳамроҳ буда гуфтааст, ки аз симати худ канор намеравад, аммои фишори дохилӣ ва хориҷӣ барои канорагирии ӯ рӯ ба афзоиш аст.
Амалиёти артиши Ироқ алайҳи Доъиш
Дар ҳамин ҳол вазорати дифоъи Ироқ гуфта, ки нерӯҳои ин кишвар амалиёти худ алайҳи нерӯҳои Доъишро идома медиҳанд.
Мақомоти ироқӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфтаанд, ки даргириҳо миёни ду тараф дар атрофи Тикрит, зодгоҳи Саддом рӯй гирифтааст.
Ин мақомҳо гуфтаанд ки нерӯҳои артиши Ироқ дар ҳоли пешравӣ ба суи бемористони Тикрит ҳастанд. Ин бемористон дар нуқтаи истротежике қарор дорад.
Ин нерӯҳо ҳамчунин ба суи кохҳои собиқи Саддом Ҳусайн пешравӣ кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри нерӯҳои Доъиш аст.
