Корхонаи силоҳи шимиёии Ироқ дар дасти Доъиш
Image copyrightPAМақомоти ироқӣ таъйид кардаанд, ки корхонаи аз корафтодаи силоҳҳои шимиёии Ироқ ба дасти шӯришиёни "Давлати исломии Ироқ ва Шом" (Доъиш) афтодааст.
Ироқ дар як нома ба Созмони Милали Мутаҳид мегӯяд, бо ин шароит қодир ба амал ба таъаҳҳудоти худ дар мавриди нобудии силоҳҳои шимиёии кишвар нест.
Дар маҷмуъаи санъатии Алмутанно дар шимоли ғарбии Бағдод ҳануз бақоёи мушакҳои дорои гози сорин ва дигар маводи шимиёии кушанда ҷой гирифтаанд.
Созмони Милал ва Омрико мегӯянд дараҷаи ин ҷангафзорҳо бисёр пойин оварда шуда ва шӯришиён қодир нахоҳанд буд аз онҳо силоҳҳои шимиёӣ бисозанд.
Паймони побарҷо
Муҳаммадалӣ Ҳаким, намояндаи доимии Ироқ дар Созмони Милал дар нома ба Бон Ки-мун, дабири кулли ин созмон мегӯяд шӯришиёни маҷмаъаи Алмутанноро рӯзи ёздаҳуми июн, баъд аз халъи силоҳи муҳофизон таҳти кунтрули худ даровардаанд.
Дар ин нома гуфта шуда, ки системи назоратии Алмутанно нишон медод, ки баъзе дастгоҳҳо ва васоили корхона, ки дар 70 килуметрии шимоли ғарби Бағдод қарор дорад, ғорат шудаанд.
Дар ин навишта изҳор мешавад, ки бо суқути ин маҷмуъа ба дасти Доъиш Ироқ қодир нест ба вазоифи худ барои нобудии ҷангафзорҳои шимиёӣ амал кунад.
Бо вуҷуди ин намояндаи Ироқ дар номаи худ изофа карда, ки ҳукумати Ироқ таъаҳҳудоти худро "ба маҳзи ин ки шароити амниятӣ иҷоза диҳад ва ин маҷмуъа бозпас гирифта шавад" аз сар хоҳад гирифт.
Бовар бар ин аст ки ҳудуди 2500 мушак ки гози аъсоб, шомили гози сорин ва гози хардал мусаллаҳ ҳастанд, дар ин корхона анбор шудаанд.
Омрико ҳудуди се ҳафта пеш эълом карда буд, ки шибҳинизомиҳо кунтрули корхонаи силоҳҳои шимиёиро ба даст гирифтаанд.
Дар ҳафтаҳои гузашта шӯришиёни "Давлати исломии Ироқ ва Шом" бахшҳои бузурге аз шимоли ғарби Ироқро фатҳ кардаанд.
Созмони Милал мегӯяд дар моҳи июн дар "амалиёти хушунатмомез ва терруристӣ" дар Ироқ , 2417 шаҳрванди ин кишвар, ки 1531 нафари онҳои ғайринизомӣ буданд, кушта шуданд.
Дар натиҷаи ин ҷанг беш аз як миллиюн ироқӣ хонаҳои худро тарк карда ва гурехтаанд.
