Ҷасади беш аз 50 мард дар ҷануби Бағдод пайдо шуд
Пулиси Ироқ мегӯяд нерӯҳои амниятии ин кишвар ҷасади 53 мардро, ки дар шаҳраке дар Ҷануби Бағдод кушта шудаанд, пайдо кардааст.
Пулис мегӯяд ба ин мардон чашмбанд зада шуда ва ба сар ва синаи онҳо тирандозӣ шуда буд.
Ҷасади ин мардҳо дар шаҳраки Ҳамза дар наздикии Ҳилла маркази устони Бобул пайдо шудааст.
Ҳанӯз ҳувияти ин афрод ва далели кушта шудани онҳо маълум нест.
Ин минтақа ки дар маркази Ироқ воқеъ шуда, умдатан шиъанишин аст ва тайи ҳафтаҳои ахир фаъолияти гурӯҳи Доъиш дар ин минтақа мушоҳида ва гузориш нашудааст.
Гурӯҳи Доъиш бахшҳое аз шимоли Ироқро дар ихтиёр дорад.
Куштори ин афрод ба ин шакл ёдовари хушунатҳои қавмии Ироқ дар солҳои 2006 ва 2008 аст.
Шимоли шаҳри Ҳилла ба “мусалласи марг” шӯҳрат дорад ки далели он хушунатҳои густарда дар он аз замони ишғоли Ироқ тавассути Омрико дар соли 2003 аст.
Карбало ва Наҷаф дар ҷануби Ҳилла қарор доранд, ки аз шаҳрҳои муқаддас барои шиъиён ба шумор мераванд.
