Боздошти як шаҳрванди Ироқ дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки як шаҳрванди Ироқро дар ҷануби ин кишвар ба занни убури ғайримуҷоз аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон боздошт кардаанд.
Торнамои ин ниҳод, рӯзи душанбеи 14 июл, хабар додааст, ки пулис ин шаҳрванди Ироқро дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, яке аз навоҳии марзӣ дар Тоҷикистон боздошт кардааст.
Ҳуввияти ин фард низ мушаххас шуда ва кормандони вазорати дохила мегӯянд, ки ин фард Абдулло Ибни Аҳмад- ал- Арабияи 47-сола будааст.
Ин шаҳрванди ироқӣ дар амалиёти вижаи пулис дар рустои мавсум ба Ғалабаи ноҳияи Фархор боздошт шуда ва пулис дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноиро боз кардааст. Пулис мегӯяд, ки ин русто дар миёни посгоҳҳои марзии шумори 2 ва 3-и нерӯҳои марзбонони Тоҷикистон воқеъ аст.
Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди як ҳазору 500 килуметр марзи муштарак дорад ва масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки бахши аъзами ин марзро минтақаи душворгузари кӯҳистонӣ ташкил медиҳад.
Дар гузашта масъулони нерӯҳои марзбон ва кормандони интизомӣ бештар аз убури ғайримуҷози шаҳрвандони афғон ва қочоқчиёни маводди мухаддир аз ин марз хабар медоданд. Аммо ин нахустин бор аст, ки кормандони интизомӣ аз убури як шаҳрванди Ироқ аз ин марз иттилоъ пахш кардаанд.
Дар соли 2008 порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни кайфарӣ ё ҷиноии ин кишвар, барои убури ғайримуҷоз аз марзи Тоҷикистон барои атбоъи хориҷӣ то ба панҷ сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ҳамчунин, он замон аъзои порлумони Тоҷикистон тасмим гирифта буданд, ки ҷарима барои убури ғайримуҷоз аз марз низ то 35 ҳазор сомонӣ ё даҳ ҳазор дулор афзоиш ёбад.
