Даҳҳо тан дар ҳамла ба сутуни худрави ҳомили зиндониёни ироқӣ кушта шуданд

  • 24 Июл, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Дар ҷараёни ҳамлаи Доъиш ба як зиндон дар Баъқуба даҳҳо тан аз зиндониён ба дасти зиндонбонон кушта шуданд

Ҳамла ба сутуни худравҳои ҳомили зиндониёни ироқӣ даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст. Ҳамзамон дабири кулли Созмони Милал барои музокира перомуни буҳрони дохилии Ироқ ба он кишвар сафар кардааст.

Ба гузориши вазорати додгустарӣ ва манобеъи бемористонӣ дар Ироқ, рӯзи панҷшанбе, 24 июл афроди мусаллаҳ ба як сутуни худравҳои ҳомили беш аз шаст зиндонӣ дар шимоли Бағдод ҳамла карданд ва бо сарбозони нигаҳбон даргир шуданд. Дар ин даргирӣ панҷоҳу ду зиндонӣ ва ҳашт нигаҳбон кушта ва теъдоди дигаре захмӣ шудаанд.

Ба гузориши манобеъи хабарӣ ин ҳамла дар соъоти аввалияи бомдод ва бо партоби хумпора ба суи яке аз пойгоҳҳои артиш дар шаҳраки Тоҷӣ дар шимоли пойтахт оғоз шуд. Гурӯҳе аз зиндониёни мазнун ба иртибот бо терурисм дар ин пойгоҳ зиндонӣ буданд.

Мақомоти зиндон, ки нигарони он буданд, ки зиндониён дар садади фирор бароянд, тасмим гирифтанд пойгоҳро тахлия ва зиндониёнро бо ҳамроҳии теъдоде сарбози мусаллаҳ ба маҳалли даргирӣ мунтақил кунанд ва бо як сутуни худравҳо пойгоҳро тарк карданд.

Ҳангоми убури худравҳо аз як минтақаи дуруфтода воқеъ дар ҳудуди бист килуметрии шимоли Бағдод чанд василаи инфиҷории канориҷодаӣ дар масири он мунфаҷир шуд ва дар пайи он муҳоҷимон ба тирандозӣ ба суи худравҳо пардохтанд, ки ба даргирӣ бо сарбозони муҳофиз мунҷар шуд. Илова бар панҷоҳу ду зиндонӣ ва ҳашт сарбозе, ки дар ин даргирӣ ҷон доданд, ҳашт сарбоз ва ҳафт зиндонии дигар ҳам захмӣ шудаанд.

Image copyrightAP
Image caption Эхтимол дорад маъмурони "давлати исломӣ" ба раҳбарии Албағдодӣ масъули ҳамла ба худравҳо буда бошанд.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин ҳамла тавассути гурӯҳи Доъиш бо ҳадафи озод кардани зиндониёни тундрави суннӣ сурат гирифта ё касони дигаре масъули он будаанд.

Наҳваи кушта шудани зиндониён низ маълум нест ва мушаххас нашудааст, ки оё сарбозон ононро куштаанд, муҳоҷимон масъули қатли онон будаанд ё сирфан дар ҷараёни табодули оташ байни ду тараф ҷони худро аз даст додаанд.

Гурӯҳи исломгарои Доъиш бар бахшҳое аз Ироқ ва Сурия мусаллат шуда ва дар ин минтақа ташкили як давлати исломиро ба раҳбарии Абӯбакр Бағдодӣ эълом кардааст. Абӯбакр Бағдодӣ худро халифа ва раҳбари мусалмонони ҷаҳон хондааст.

Дар июли соли гузашта шибҳинизомиёни мусаллаҳ, ки гуфта мешавад аз аъзои Доъиш буданд, бо ҳамла ба ду муҷтамаъи зиндон дар Бағдод, беш аз панҷсад зиндониро озод карданд.

Image copyrightAFP
Image caption Бон ва Моликӣ - Бон барои тарғиби ироқиҳо ба ташкили давлати фарогир ба Бағдод рафтааст

Моҳи гузашта, Афви Байналмиллал, аз ниҳодҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар, дар гузорише гуфт, ки ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои Доъиш ба як пойгоҳи низомӣ ва муҷтамаъи зиндон дар шаҳри Баъқуба, дар шимоли Ироқ, шибҳинизомиёни шиъаи мустақар дар ин пойгоҳ, ки нигарони такрори моҷарои фирори зиндониён буданд, даҳҳо тан аз зиндониёни сунниро куштанд то монеъ аз озодии онон тавассути Доъиш шаванд. Афви Байналмиллал ин иқдомро куштори худсарона тавсиф кард ва хостори расидагӣ ба он шуд.

Гузориши ҳамла ба сутуни худравҳои ҳомили зиндониён дар Ироқ дар ҳоле мунташир мешавад, ки Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал ба манзури ташвиқи сиёсатмадорони ироқӣ ба ёфтани роҳе барои рафъи буҳрони дохилии ин кишвар вориди Бағдод шудааст.

Дабири кулли Созмони Милал хостори он аст, ки дар Ироқ як давлати фарогир бо мушорикати намояндагони тамомии гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабӣ ташкил шавад, то битавонад бо касби ҳимояти густардатари мардум, монеъ аз таҷзияи ин кишвар шавад.

Бархе аз мунтақидони Нурӣ Моликӣ, нахуствазири давлати эътилофӣ ба раҳбарии шиъиён, сиёсатҳои ҳашт сол зимомдории ӯро омиле дар бегонагии ақаллияти араби суннии Ироқ дониста ва гуфтаанд, ки ин вазъият заминасози зуҳур ва муваффақияти низомии Доъиш будааст. Бархе мақомот ва шахсиятҳои ироқӣ ва ҳатто давлатҳои ғарбӣ хостори канорагирии оқои Моликӣ ҳастанд, аммо вай таъкид дошта, ки ба унвони раҳбари бузургтарин ҷиноҳи порлумонӣ, дар назар дорад давлати баъдиро ташкил диҳад.

Матолиби муртабит