Ҳамлаи Доъиш ба бузургтарин полоишгоҳи нафти Ироқ "шикаст хӯрд"
Image copyrightAFPДавлати Ироқ мегӯяд нерӯҳои артиш ҳамлаи шибҳинизомиёни Давлати исломӣ ба бузургтарин полоишгоҳи нафти ин кишвар дар Биҷиро дафъ карданд.
Ба гуфтаи артиши Ироқ чанд шибҳинизомии гурӯҳи "Давлати исломӣ" (Доъиш) ҳам дар ин амалиёт кушта шудаанд.
Низомиён ва шоҳидони айнӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтаанд, ки нерӯи ҳавоӣ аз амалиёти заминии артиш пуштибонӣ мекард.
Ба гузориши ин хабаргузорӣ нерӯҳои Давлати исломӣ асри шанбе аз се ҷиҳат ба полоишгоҳ ҳамла карданд.
Амалиёти артиш барои дифоъ аз полоишгоҳи нафти Биҷӣ то имрӯз якшанбеи 24 август идома доштааст.
Полоишгоҳи Биҷӣ дар шимоли Ироқ дар чанд моҳи гузашта борҳо маҳалли низоъи шибҳинизомиёни Давлати исломӣ ва нерӯҳои артиши Ироқ будааст.
Ин полоишгоҳ замоне 50 дарсади нафти мавриди ниёзи Ироқро таъмин мекард.
Биҷӣ дар шимоли Тикрит ва ҷануби ғарбии шаҳри Киркук қарор дорад.
Шаҳри Киркук рӯзи гузашта, шанбеи 23 август шоҳиди чанд бумбгузории ҳамзамон буд, ки дастикам 18 кушта бар ҷой гузошт.
Гумон меравад нерӯҳои Давлати исломӣ ин бумбгузориро ҳидоят карда бошанд.
Дар Ирбил, пойтахти иқлими Курдистон ҳам бумбе мунфаҷир шуд, ки камсобиқа буд. Ирбил аз амнтарин шаҳрҳои Ироқ дар моҳҳои гузашта будааст.
