Нурӣ Моликӣ аз нахуствазирии Ироқ канор рафт

  • 15 Август, 2014
Image copyrightAP
Image caption Оқои Моликӣ истеъфои худро дар ҳоле ки мақомҳои олии Ироқ дар канори ӯ буданд, аз телевизиюн эълом кард

Нурӣ Моликӣ эълом кардааст, ки ба нафъи Ҳайдар Ибодӣ аз симати худ ба унвони нахуствазири Ироқ канорагирӣ мекунад.

Ӯ тасмими худро рӯзи панҷшанбеи 14 август аз телевизиюни миллии Ироқ ва дар ҳоле ки Ҳайдар Ибодӣ ва бисёре аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии Ироқ канори ӯ истода буданд, эълом кард.

Ҳамзамон Ҳайдар Ибодӣ, ҷонишини оқои Моликӣ, аз сӯйи раиси ҷумҳур дастур гирифта ҳарчи зудтар кобинеи худро муъаррифӣ кунад.

Дар рӯзҳои ахир ва пас аз он ки Фавод Маъсум, раиси ҷумҳурии Ироқ, оқои Ибодиро ба унвони нахуствазири ҷадиди ин кишвар муъаррифӣ кард, фишорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ барои канорагирии оқои Моликӣ афзоиш ёфта буд, аммо ӯ худ ва эътилофи таҳти амрашро ҳамчунон воҷиди шароити раҳбарии давлат медонист.

Пешравиҳои шибҳнизомиёни Давлати Исломии Шом ва Ироқ дар ҳафтаҳои ахир ва афзоиши буҳрони амниятӣ дар манотиқе, ки таҳти кунтрули тундравҳои суннӣ даромад, яке аз далоили канор гузошта шудани Нурӣ Моликӣ буд, ки як шиъа аст.

Image copyrightAFP
Image caption Оқои Ибодӣ бояд зарфи сӣ рӯз кобинеи худро муъаррифӣ кунад

Оқои Моликӣ дар раъси як эътилофи муташаккил аз гурӯҳҳои шиъӣ аз соли 2006 то кунун симати нахуствазирро бар уҳда дошта ва мунтақидони ӯ муътақиданд, ки дар ин муддат бо истибдоди раъй ҳукумат карда ва бо нодида гирифтани мушорикати соири гурӯҳҳо қавмӣ ва динӣ дар Ироқ, амалан боъиси рӯйгардонии сунниҳо шуда ва заминаи зуҳур ва пешрафти Доъишро фароҳам овардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар рӯзҳои гузашта Эрон ва Омрико аз нахуствазирии оқои Ибодӣ ҳимоят кардаанд. Номзадии ӯ барои нахуствазирӣ пас аз моҳҳо чоназаниҳои сиёсӣ дар Ироқ сурат мегирад.

Акнун Ҳайдар Ибодӣ муваззаф аст зарфи сӣ рӯз кобинеи ҷадиди худро муъаррифӣ кунад ва дар сурати таъйиди аъзои кобине уҳдадори давлати Ироқ шавад.

Оқои Ибодӣ 62-сола аз куҳнакортарин сиёсатмадорони Ироқ аст, ки пеш аз сарнагунии Саддом Ҳусейн дар табъид ба сар мебурд.

Ӯ, ки таҳсилоти худро дар риштаи муҳандисии электруник ба поён расондааст, дар соли 2003 аз Бритониё ба Ироқ бозгашт.

Оқои Ибодӣ мегӯяд ду нафар аз бародаронаш дар даврони ҳукумати Саддом Ҳусейн кушта ва яке дигар зиндонӣ будааст. Ӯ ва хонаводааш аз аъзои ҳизби Даъвати Ироқ буданд ва иллати табъиди вай дар даврони Саддом Ҳисом ҳам ҳамин буд.

Идомаи буҳрони инсонӣ дар Синҷор

Image copyrightGETTY IMAGES
Image caption Оқои Моликӣ дар рӯзҳои ахир таҳти фишорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ барои канорагирӣ аз қудрат буд

Ҳамзамон бо таҳаввулоти қудрат дар Бағдод, Омрико мегӯяд муҳосираи эзидиҳо дар Синҷор шикаста шудааст

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, эълом кард оворагони ироқӣ гирафтода дар кӯҳистони Синҷор дар вазъияти беҳтаре ба сар мебаранд.

Ӯ шикастани муҳосираи пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати Исломӣ тавассути нерӯҳои омрикоиро далели беҳбуди авзоъ хондааст.

Раиси ҷумҳури Омрико ҳамчунин гуфт бисёре аз касоне ки дар ин кӯҳистон гирифтор шуда буданд, акнун тавонистаанд аз онҷо фирор кунанд ва Омрико барномае барои анҷоми амалиёти наҷот надорад.

Бо вуҷуди ин, яке аз намояндагони курдҳои Ироқ ба Би-би-сӣ гуфта ин даста аз ақаллиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла эзидиҳое, ки ба кӯҳистони Синҷор паноҳ бурдаанд, ҳанӯз дар хатари шадиди ҳамлаи шибҳнизомиёни тундрави гурӯҳи Давлати Исломӣ қарор доранд.

Матолиби муртабит