Бо ҳукми додгоҳи олии Ироқ Моликӣ метавонад нахуствазир бимонад
Image copyrightREUTERSТелевизиюни давлатии Ироқ мегӯяд додгоҳи олии ин кишвар ҳукм дода эътилофи "Ҳукумати қонун" бузургтарин ташаккули порлумонии Ироқ аст. Ба ин тартиб Нурӣ Моликӣ метавонад нахуствазири Ироқ бимонад.
Бар асоси қонуни асосии Ироқ, раиси ҷумҳурии ин кишвар бояд аз нахуствазир бихоҳад кобмнаи ҷадидро ташкил диҳад.
Оқои Моликӣ бомдоди имрӯз гуфта буд аз раиси ҷумҳурии Ироқ ба додгоҳ шикоят мекунад.
Ӯ дар як суханронии телевизиюнӣ ба тундӣ аз Фавод Маъсум, раиси ҷумҳурии ҷадиди ин кишвар интиқод кард ва гуфт қасд дорад имрӯз оқои Маъсумро ба хотири "зери по гузоштани қонуни асосӣ" ба додгоҳ бикашонад.
Ба асоси гузоришҳо пас аз ин изҳорот нерӯҳои вафодор ба оқои Моликӣ дар нуқоти калидии Бағдод мустақар шуданд.
Дар вокуниш ба ин изҳорот ва дақоиқе пеш аз ҳукми додгоҳи Ироқ Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико ташкили давлати Ироқ барои эҷоди саботи миллӣ дар ин кишварро зарурӣ хонд ва аз оқои Моликӣ хост ин равандро "мухтал" накунад.
Нурӣ Моликӣ, ки ҷиноҳи ӯ дар интихоботи ахири маҷлиси Ироқ аксариятро гирифт, мехоҳад барои сеюмин бор ба нахуствазирӣ бирасад, аммо дар пайи буҳрони ҷорӣ дар кишвар ва бахусус пешравии шибҳинизомиёни суннӣ, дархостҳо барои канорагирии ӯ матраҳ шудааст.
Оқои Моликӣ дар нутқи телевизиюнии якшанбеи худ аз Фавод Маъсум, раиси ҷумҳурии Ироқ ба хотири нодида гирифтани муҳлати интихоби нахуствазири ҷадид, ба тундӣ интиқод кард ва гуфт ӯ қонуни асосиро "ба хотири аҳдофи сиёсӣ" зери по гузоштааст.
Бо афзоиши таҳаррукоти нерӯҳои низомии вафодор ба Нурӣ Моликӣ дар тули якшанбе шаб вазорати умури хориҷаи Омрико эълом кард аз раиси ҷумҳурии Ироқ ба унвони зомини иҷрои қонуни асосӣ "комилан ҳимоят мекунад".
Тасарруфи Ҷалуло ба дасти шибҳнизомиён
Дар кашокаши буҳрони сиёсӣ дар Бағдод мақомҳои ироқӣ хабар додаанд, ки шибҳинизомиёни Давлати Исломӣ (Доъиш) шаҳри Ҷалуло дар устони Диёла дар шимоли Бағдодро тасарруф кардаанд.
Гузориш шуда дастикам 10 пешмарги курд дар даргирӣ бо нерӯҳои давлати исломӣ кушта шудаанд.
Ҳанӯз ҳазорон хонаводаи эзидӣ дар кӯҳҳои шимоли Ироқ гирифтор ҳастанд.
Масъуди Боризонӣ, раиси давлати худгардони Курдистони Ироқ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хоста ба курдҳои Ироқ кумаки таслиҳотӣ кунад то битавонад бар шибҳинизомиёни давлати исломӣ ғалаба кунанд.
