Созмони Милали Муттаҳид дар саросари Ироқ вазъияти изтирорӣ эълом кард
Image copyrightdДар пайи пешравии шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш) дар шимоли Ироқ, Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ин кишвар вазъияти изтирории бисёр ҷиддӣ эълом кардааст.
Мақомоти Курдистони Ироқ дар устони Дуҳук мегӯянд ҳудуди 15 ҳазор овораи ҷангӣ ба ин минтақа паноҳ овардаанд ва таъмини ғизои мавриди ниёзи онҳо бо иттако ба кумакҳои сокинони маҳаллӣ, ки ҷамъияташон бамаротиб камтар аз шумори ҷангзадагон аст, кори душворе аст.
Омрико гуфтааст, ки эҳтимоли анҷоми амалиётҳои наҷот барои ҳазорон нафаре, ки ба кӯҳистони Синҷор паноҳ бурдаанд, кам аст, аммо дар айни ҳол ваъда дод, ки ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба ин манотиқ идома хоҳад ёфт.
Созмони Милал баровард кардааст, ки ҳудуди як милюну 200 ҳазор нафар дар асари ҷанги дохилии Ироқ овора шудаанд.
Созмони Милал ҳамчунин шароити изтирорӣ дар се кишвари дигар, яъне Сурия, Судони Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Офриқои Марказиро низ ба ҳамон мизони Ироқ ҷиддӣ ва вахим тавсиф кардааст.
Николай Млоденов, намояндаи Созмони Милал, гуфт, ки эъломи "вазъияти изтирории марҳилаи 3" ба басиҷи бештари нерӯҳо ва манобеъи молӣ, ғизоӣ ва коло ба манзури кумакрасонӣ ба ҳазорон нафар, ки дар асари ин буҳрон маҷбур ба тарки хонаҳояшон шудаанд, кумак мекунад.
Оқои Млоденов дар идома гуфт, ки вазъияти оворагон адар Синҷор ҳамчунон вахим аст.
Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дода буд, ки даҳҳо ҳазор нафар овора дар Курдистони Ироқ, ки аз баробари шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ ба кӯҳистон гурехтаанд, ҳамчунон дар ин маҳал гирифтор омадаанд ва "барои наҷоти ҷонашон ба имдодрасонӣ ниёз доранд."
Ҷамъияти оворагонро умдатан ақаллияти мазҳабӣ, бахусус эзидиҳо ташкил медиҳанд.
Омрико ҳамчунин ҳол эълом кардааст, ки як гурӯҳ аз артиши ин кишвар, ки барои арзёбии мавқеъият ба кӯҳистони Синҷор рафта буд, вазъиятро беҳтар аз қабл баровард кардааст.
