Нерӯҳои вафодор ба Моликӣ дар нуқоти калидии пойтахти Ироқ мустақар шуданд
Image copyrightAFPНурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ, дар як нутқи телевизиюнӣ батундӣ аз Фуод Маъсум, раиси ҷумҳури ҷадиди ин кишвар интиқод кардааст. Ӯ гуфта қасд дорад имрӯз оқои Маъсумро ба хотири "зери по гузоштани Қонуни асосӣ" ба додгоҳ бикашонад.
Хабар расидааст, ки пас аз ин изҳорот нерӯҳои вафодор ба оқои Моликӣ дар нуқоти калидии Бағдод мустақар шудаанд.
Дар ҳоле ки бисёре аз пайравони ақаллияти эзадӣ аз тарси шибҳнизомиёни "Давлати Исломӣ" ҳамчунон дар кӯҳҳои шимоли Ироқ овора ҳастанд ва шибҳнизомиён бахшҳои бузурге аз Ироқро таҳти кунтрул гирифтаанд, изҳороти оқои Моликӣ мумкин аст Ироқро бо буҳрони сиёсии тозае мувоҷеҳ кунад.
Ӯ дар нутқе, ки соъоти поёнии шомгоҳи якшанбе дар телевизиюни давлатии Ироқ пахш шуд, раиси ҷумҳуриро ба "кудето алайҳи Қонуни асосӣ" муттаҳам кард.
Нурӣ Моликӣ, ки ҷиноҳи ӯ дар интихоботи ахири маҷлиси Ироқ аксариятро гирифт, дар пайи он аст, ки барои севумин бор ба нахуствазирӣ бирасад, аммо дар пайи буҳрони ҷорӣ дар кишвар ва бахусус пешравиҳои шибҳнизомиёни суннӣ, дархостҳое барои канорагирии ӯ матраҳ шудааст.
Эътилофе, ки нахуствазири Ироқ аз он аст, ҳанӯз дар ин бора тавофуқ накардааст, ки Нурӣ Моликиро барои бори севум нахуствазир пешниҳод кунад. Оқои Маъсум ҳам аз мудохила дар ин бора худдорӣ кардааст.
Оқои Моликӣ дар нутқи телевизиюнии якшанбешаби худ аз Фуод Маъсум, раиси ҷумҳурии Ироқ, ба хотири нодида гирифтани муҳлати интихоби нахуствазири ҷадид, батундӣ интиқод кард ва гуфт ӯ Қонуни аосиро "ба хотири аҳдофи сиёсӣ" зери по гузоштааст.
Бо афзоиши таҳаррукоти нерӯҳои низомии вафодор ба Нурӣ Моликӣ дар тӯли якшанбешаб, вазорати умури хориҷаи Омрико эълом кард аз раиси ҷумҳурии Ироқ ба унвони зомини иҷрои Қонуни асосӣ "комилан ҳимоят мекунад."
Омрико дар ин баёния ҳамчунин бо ҳушдор дар бораи ҳар гуна талош дар таҳдиди Қонуни асосӣ таъкид кардааст аз раванди интихоби "як нахуствазир, ки битавонад давлати вифоқи миллӣ ташкил диҳад ва ба шевае фарогир ҳукмронӣ кунад," ҳимоят мекунад.
Ғарб мегӯяд бар раҳбарони Ироқ фишор меоварад, то як давлати ҷомеъ ва бо мушорикати қудратҳои мухталифи ин кишвар шакл бигирад ва ба ин тартиб таҳдиди ҷиҳодҳои "Давлати Исломӣ" рафъ шавад. Аммо нозирон мегӯянд ҳанӯз шикофҳои сиёсии амиқе дар Бағдод дида мешавад.
Мунтақидони Нурӣ Моликӣ ӯро ба фирқагароӣ ба нафъи шиъиён муттаҳам мекунанд.
Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида пештар рӯзи якшанбе эълом карда буд, ки ба мулоҳизоти амниятӣ, "шумори маҳдуде" аз кормандонаш дар кунсулгарии Омрико дар Арбил ва ҳамчунин сафорати ин кишвар дар Бағдодро ба манотиқи амнтар, Басра ва Умон, пойтахти Урдун, мунтақил кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Масъуд Боризонӣ, раиси давлати худгардони Курдистони Ироқ, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост ба курдҳоии Ироқ кумаки таслиҳотӣ кунад, то битавонад бар шибҳнизомиёни "Давлати Исломӣ" ғалаба кунад.
Бо оғози пешравиҳои Доъиш дар ҳафтаҳои гузашта раҳбарони Курдистони Ироқ аз лузуми истиқлоли ин иқлим аз давлати марказӣ сухан гуфта буданд.
Оқои Боризонӣ ин дархостро пас аз чаҳорумин даври ҳамлаи ҳавоии Омрико ба мавозеъи "Давлати Исломӣ" дар наздикии Арбил, маркази иқлими Курдистони Ироқ, матраҳ кардааст.
Рӯзи якшанбе Омрико эълом кард, ки бо паҳпод ва ҳавопаймоҳои ҷанганда ба панҷ нуқтаи дигар, аз мавозеъи шибҳнизомиёни "Давлати Исломӣ" ҳамла кардааст.
