Пентогун: Эзидиҳои овора дар кӯҳҳо дар вазъияти беҳтаре ҳастанд
Image copyrightReutersОмрико мегӯяд як гурӯҳ аз артиши ин кишвар барои арзёбии мавқеъият ба кӯҳҳои Синҷор рафтааст. Ҷое, ки даҳҳо ҳазор нафар аз тарси гурӯҳи "Давлати Исломӣ" гирифтор шудаанд.
Мақомҳои вазорати дифоъи Омрико ғуруби рӯзи чаҳоршанбе эълом карданд, ки ин амалиёт субҳи ин рӯз анҷом шудааст.
Бино ба иттилоъияе, ки вазорати дифоъи Омрико, Пентогун, мунташир карда, ҳудуди бист нафар дар ин амалиёт ширкат доштанд.
Дар ин иттилоъия омада, ки теъдоди эзидиҳои гирифтор дар кӯҳҳо камтар аз чизест, ки пештар тахмин зада мешуд.
Аз ҷумлаи далоиле, ки Пентогун баршумурда инҳост: "Фиристодани кумакҳои инсондӯстона", "ҳадаф қарор додани нерӯҳои Давлати Исломӣ", "Амалиёти пешмаргаҳо" ва "фирори шабона аз кӯҳистон."
Дар ин иттилоъия омада, ки ҳолу рӯзи мардуми гирифтор дар кӯҳҳо беҳтар аз чизест, ки омрикоиҳо тасаввур мекарданд ва ин ки онҳо ба ғизорасонӣ ба ин мардум идома медиҳанд.
Бино ба ин иттилоъия, Пентогун эҳтимолан барномае барои фирорӣ додани мардум аз ин минтақа нахоҳад дошт
Вазорати дифоъи Омрико навишта, ки нерӯҳои омрикоӣ солим ба пойгоҳи худ дар Арбил бозгаштаанд.
Омрико барои кумак ба мардуме, ки аз дасти шибҳнизомиён аз хонаҳояшон гурехтаанд, ҳазорон нафар аз мушовирони низомии худро ба Ироқ фиристодааст.
Нерӯҳои ин гурӯҳи исломгарои тундрав дар моҳҳои ахир кунтрули бисёре аз манотиқи шимолии Ироқро дар даст гирифтаанд.
Ба ҳамин далел ақаллиятҳои мазҳабии сокин дар н манотиқ маҷбур шуданд то аз хонаҳои худ бигурезанд.
"Буҳрони инсонӣ"
Омрико гуфта, ки кумакҳои ҳавоӣ ба мардуми овора ва ҳамвор кардани роҳҳои гурезро дар назар дорад, аммо ҳузури низомӣ дар Ироқ нахоҳад дошт.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд аз ҷумлаи касоне, ки сар ба кӯҳҳои Синҷор задданд, пайравони ойини эзидӣ ҳастанд.
Рӯзи чаҳоршанбе Созмони Милал вазъият дар Ироқро "изтирории дараҷаи се" эълом кард. Ин болотарин дараҷаи буҳрони инсонӣ аст.
Ҳавопаймоҳои бритониёӣ ва омрикоӣ барои мардуме, ки дар кӯҳистон гирифтор омадаанд, бастаҳои обу ғизо ба замин андохтанд.
Омрико мегӯяд, ки ин равиш пойдор нест ва бояд мардумро ба минтақаи амне бурд, ки битавон мустамар ба онҳо обу ғизо расонд.
Пешравиҳои тунду сареъи шибҳнизомиёни "Давлати Исломӣ" Ироқро дучори буҳрон кард.
Дар моҳи июн ин гурӯҳ тавонист Мусил, даҳумин шаҳри бузурги Ироқро дар даст бигирад. 9 моҳ пеш ҳам тавонистанд шаҳри Фалуҷаро аз чанги давлат дароваранд.
Дар 29 июн ин гурӯҳ эълом кард, ки хилофати исломӣ ба роҳ андохтааст.
