Истиқболи Эрон аз интихоби Ҳайдар Ибодӣ ба унвони нахуствазири Ироқ
Image copyrightisnaАлии Шамхонӣ, дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон як рӯз пас аз интихоби Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири ҷадиди Ироқ ин интихобро ба ӯ, марҷаъияти динӣ, мардум ва гурӯҳҳои сиёсии Ироқ табрик гуфтааст.
Оқои Шамхонӣ эълом кардааст, ки Эрон "аз раванди қонунии тайшуда" дар интихоби оқои Ибодӣ ҳимоят мекунад.
Эрон аз муҳимтарин ҳомиёни Нурӣ Моликӣ буд, бо ин ҳама яке аз аввалин кишварҳо аст, ки аз интихоби оқои Ибодӣ ба унвони нахуствазири ҷадиди Ироқ ҳимоят кардааст.
Пештар Туркия, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз интихоби оқои Ибодӣ истиқбол карда буданд.
Оқои Шамхонӣ дар ҷамъи мудирони вазорати умури хориҷа ва дар ҳамоиши солонаи суфаро ва руасои намояндагиҳои хориҷии Эрон гуфтааст "Эрон аз раванди қонунии тайшуда дар бораи интихоби нахуствазири ҷадиди Ироқ ҳимоят мекунад."
Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон аз ҳамаи гурӯҳҳо ва эътилофҳои Ироқ хоста то барои "риъояти чорчӯбҳои ваҳдати миллӣ ба манзури ҳифзи манофеъи миллӣ ва дар назар гирифтани ҳокимияти қонун, таваҷҷуҳ ба шароити ҳассоси кишвари Ироқ ба манзури муқобала бо таҳдидоти хориҷӣ" иттиҳоди худро ҳифз кунанд."
Ҳайдар Ибодӣ, ки худ узви ҳизби Аддаъва ба раҳбарии Нурӣ Моликӣ аст, баъд аз суқути Саддом дар давлати интиқолии Ироқ вазири иртиботот шуд. Ӯ дар соли 2006 мелодӣ намояндаи маҷлис шуд ва қабл аз расидан ба курсии муъовинати раиси маҷлис, раёсати кумиссиюни иқтисодиро бар уҳда дошт.
Соъоте баъд аз муъаррифии Ҳайдар Ибодӣ ба унвони нахуствазири ҷадиди Ироқ муттаҳидони Нурӣ Моликӣ дар баёнияе ба интихоби нахуствазири ҷадид эътироз карданд.
