Истиқболи Убумо аз интихоби Ибодӣ ба нахуствазирии Ироқ

  • 12 Август, 2014
Image copyrightAFP

Борок Убумо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо истиқбол аз интихоби Ҳайдар Ибодӣ ба унвони нахуствазири ҷадиди Ироқ, интихоби ӯро "қадаме ба пеш" барои ин кишвар тавсиф кард.

Ӯ гуфт Ироқ "рӯзҳои сахтеро" пушти сар мегузорад ва аз раҳбарони сиёсии ин кишвар хост то бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

Дар рӯзи душанбе раиси ҷумҳурии Ироқ бо интихоби оқои Ибодӣ ба давраи нахуствазирии Нурӣ Моликӣ поён дод. Оқои Моликӣ ин интихобро хилофи Қонуни асосии ин кишвар тавсиф кардааст.

Оқои Убумо, ки аз маҳали гузарондани таътилоти худ сухан мегуфт, эълом кард, ки нерӯҳои омрикоӣ бо ҳамла ба мавозеъи гурӯҳи "давлати исломӣ" аз пешравии ин шибанизомиёни ҷилавгирӣ кардааст.

Дар айни ҳол, ӯ гуфт, ки чораи бӯҳрони Ироқ ҳузури низомии Омрико нест ва ташкили як давлати эътилофӣ танҳо роҳ барои муқобала бо исломгароён аст.

Дар моҳҳои ахир шибанизомиёни "давлати исломӣ" дар шимоли Ироқ пешравиҳое доштанд ва сабаби гурехтани даҳҳо ҳазор нафар аз ақаллиятҳои мазҳабӣ аз хонаҳояшон шуданд.

Ҳамзамон, бо ҳадаф қарор додани мавозеъи гурӯҳи "давлати исломӣ" омрикоиҳо аз ҳавопаймоҳояшон барои язидиҳо, ки дар кӯҳ ба сар мебаранд, кумакҳои инсондӯстона мефиристанд.

Дар чаҳор шаби гузашта Омрико ва Бритониё 14 парвози муваффақ бар фарози минтақа доштанд ва 310 бастаи шомили ғизо, об ва дору барои мардум фиристоданд.

Матолиби муртабит