"Маъмурияти Бритониё дар Ироқ моҳҳо тул хоҳад кашид"
Image copyrightAFPНахуствазири Бритониё таъкид кардааст, ки давлати ӯ қасд надорад дар Ироқ вориди ҷанги заминӣ шавад.
Девид Комерун мегӯяд авлавияти ӯ ҳифозат аз мардуми кишвараш алайҳи нерӯҳои "ҳавлноки" Давлати исломӣ аст.
Нахуствазири давлати Бритониё таъкид карда, ки бо курдҳо ва давлати Ироқ ҳамкорӣ ва аз амалиёти Омрико дар Ироқ ҳимоят хоҳад кард.
Ҳамзамон бо ҳамалоти ҳавоии Омрико вазири дифоъи Бритониё ҳам гуфта маъмурияти нерӯҳои низомии ин кишвар дар Ироқ аз кумакҳои инсондӯстона фаротар хоҳад рафт.
Мойкл Фолун, вазири дифоъи Бритониё мегӯяд маъмурияти ин кишвар дар Ироқ мумкин аст моҳҳо тул бикашад.
Ба гуфтаи вазорати дифоъи Бритониё ин маъмурият аз ҳамакнун бо ирсоли силоҳ ва таҷҳизоти низомии кишварҳои дигар ба нерӯҳои курд оғоз шудааст.
Оқои Фолун гуфта нерӯи ҳавоии Бритониё барои ҷамъоварии иттилоъоти амниятӣ дар бораи шибҳинизомиёни Давлати исломӣ талош мекунад.
Ҷонотон Белл, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд нерӯҳои низомии Бритониё дар Курдистони Ироқ будаанд.
Ба гуфтаи вазорати дифоъи Бритониё ҳеликуптерҳои артиш барои кумак ба оворагони эзадӣ ҳамчунон дар минтақа мондаанд.
Ниҳодҳои имдодрасон мегӯянд ҳазорон овораи эзадӣ барои идомаи зиндагӣ ниёзманди кумакҳои инсондӯстона ҳастанд, ҳарчанд бештари онҳо тавонистаанд аз кӯҳҳои Синҷор фирор кунанд ва худро ба урдугоҳҳои амни муваққат бирасонанд.
Дар шимоли Ироқ телевизиюни давлатӣ гузориш дода пешмаргҳои курд шибҳнизомиёни Давлати исломӣ (Доъиш)ро аз сади Мусил ақаб рондаанд. Аммо нерӯҳои Давлати исломӣ ин хабарро такзиб карда ва гуфтаанд ҳанӯз кунтрули сади Мусилро дар даст доранд.
Беш аз 10 рӯз пеш нерӯҳои давлати исломӣ кунтрули комили бузургтарин сади Ироқро дар даст гирифтанд.
Манобеъи курд дар шимоли Ироқ шаби гузашта эълом карданд нуқоти калидӣ ва истротежики сади Мусилро аз нерӯҳои Давлати исломӣ пас гирифтаанд, аммо атрофи сад ниёз ба поксозӣ дорад.
Ба гуфтаи манобеъи курд шибҳинизомиёни Давлати исломӣ атрофи сади Мусил талаҳои инфиҷорӣ ва мин кор гузошта буданд.
Қасим Ато, аз сухангӯёни нерӯҳои низомии Курдистон ба расонаҳо гуфта ҳамалоти онҳо барои бозпасгирии сад аз ҳаво ҳимоят мешуд.
Нерӯи ҳавоии Омрико дар ду рӯзи гузашта ҳамалоти худ алайҳи мавозеъи Доъиш атрофи сади Мусилро афзоиш дода буд.
Пентогун, вазорати дифоъи Омрико дар иттилоъияе аз панҷ ҳамлаи ҳавоӣ ва ҳадаф қарор додани 30 ҳадафи низомии Доъиш дар минтақа хабар додааст.
