Омрико: Набард бо 'Доъиш' тӯлонӣ хоҳад буд

  • 22 Август, 2014
Image copyrightreuters
Image caption Тайи ду ҳафтаи гузашта ҷангандаҳои Омрико борҳо худравҳои мусаллаҳи Доъишро ҳадаф қарор додаанд

Чок Ҳейгл, вазири дифоъи Омрико, мегӯяд ташкилоти гурӯҳи Давлати Исломӣ бисёр созмонёфта аст ва Пентогун барои муқобила бо он ба як барномаи тӯлонимуддат фикр мекунад.

Оқои Ҳейгл рӯзи панҷшанбеи 21 август гуфт: "Таҳдиди гурӯҳи Давлати Исломӣ як таҳдиди гузаро ва кӯтоҳмуддат нест. Ин ташкилот бисёр созмонёфтатар аз як гурӯҳи теруристӣ аст. Онҳо бисёр хуб таҷҳиз ва ҳимоят мешаванд. Барои худ идеулужӣ доранд ва бисёр хирадмандона токтикҳо ва роҳкорҳои низомиро ба кор мегиранд. Ин гурӯҳ варои он чизест, ки мо то кунун дидаем. Эҳтимолан онҳо дар оянда худро дубора созмондиҳӣ кунанд ва ҳамалоти ҷадидеро тартиб медиҳанд."

Ӯ бар ин асос гуфт Пентогун барои чигунагии муқобила бо шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ барномае дарозмуддатро дар назар гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Бритониё бахшҳои амниятӣ дар талош барои шиносоии ҳувияти марде ҳастанд, ки дар видиюи мунташиршуда аз сар буридани Ҷеймз Фулей, канори ӯ меистад ва бераҳмона ханҷарро бар гулӯи ин гузоришгари озоди омрикоӣ қарор медиҳад. Ин пайкорҷӯёи сиёҳпӯш ва тануманд забони инглисиро равон ва бо лаҳҷаи бритониёӣ суҳбат мекунад ва бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда гуфта мешавад ӯ аз шаҳрвандони Ландан ё ҷануби шарқи Инглистон будааст.

Дар Омрико аммо хабари боҷхоҳии Доъиш дар як соли гузашта ва имейле, ки як ҳафта пеш ин гурӯҳ барои падару модари Ҷеймз Фулей ирсол карда будааст, дар садри ахбори расонаҳо қарор гирифтааст.

Глубол пуст, вебсойти хабарии корфармои Ҷеймз Фулей, хабарнигори мақтули омрикоӣ, эълом кардааст шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ барои озодии ин хабарнигор 132 милюн дулор боҷ хоста буданд.

Филип Болбунӣ,мудири омили Глубол пуст, гуфтааст, ки шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ соли мелодии гузашта барои озодии оқои Фулей ин дархостро тарҳ куарда буданд.

Дар таҳавҷвуле дигар, волидайни Ҷеймз Фулей мегӯянд Доъиш ба онҳо ҳудуди як ҳафта пеш имейл дода буд ва аз тасмими худ барои "эъдоми қарибулвуқӯъи" писарашон хабар дода буд.

Рӯзи панҷшанбе ҳамчунин гузориш шуд, ки Кохи Сафед як сол пеш тайи амалиёте шабона дар дохили хоки Сурия талош карда буд гаравгонҳои омрикоиро аз дасти Доъиш раҳо кунад, аммо ин амалиёт, ки бо мушорикати ягонҳои мухталифи артиши Омрико анҷом гирифта буд ва ҳатто миёни онҳо ва шибҳнизомиён табодули оташ даргирифта буд, бидуни натиҷа поён ёфта будааст, чаро ки нерӯҳои омрикоӣ ҳинни амалиёт мутавҷҷеҳ шуданд гаравгонҳо дигар дар маҳалле, ки онҳо мавриди ҳадаф қарор дода буданд, набуданд.

Ин нахустин бор аст, ки Омрико ба анҷоми як амалиёти низомӣ дар дохили хоки Сурия пас аз оғози ҷангҳои дохилии ин кишвар аз соли 2011 ишора мекунад.

Бо вуҷуди нокомӣ дар ин амалиёт, Эрик Ҳулдер, додситони кулли Омрико, имрӯз ба касоне, ки Ҷеймз Фулейро куштаанд ҳушдор дод, ки таҳқиқоти ҷиноӣ марбут ба қатли ин шаҳрванди омрикоӣ расман оғоз шудааст ва то ҳар замон ки ниёз бошад, идома меёбад. Оқои Ҳулдер гуфт дар инчунин мавориде Омрико "ҳофизае қавӣ ва маҳдудаи дастрасии густардае" дорад.

Посухи Омрико ба Доъиш: Идомаи ҳамалоти ҳавоӣ

Ҳамзамон бо ошкор шудани ҷузъиёти марги Ҷеймз Фулӣ ва ҳамчунин афзоиши нигарониҳо аз чигунагии талоши Кохи Сафед барои ҷилвгирӣ аз кушта шудани як гаравгони дигар ба номи Истивен Сутлуф, ҷангандаҳои омрикоӣ рӯзи панҷшанбе ҳам ба амалиёти худ дар Ироқ идома доданд. Акнун бо гузашти ду ҳафта аз оғози ҳамалоти ҳавоии Омрико алайҳи мавозеъи Давлати Исломӣ шумори ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои ин кишвар ба 90 маврид расидааст.

Маркази фармондеҳии амалиёти Омрико, рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ҷетҳои ин кишвар дар канори паҳподҳо имрӯз ба чаҳор худрави шибҳнизомиён ҳамла кардаанд ва мавозеъи ин гурӯҳро дар ҳаволии садди Мавсил ҳадаф қарор додаанд.

Аз 90 амалиёти ҳавоии Омрико дар Ироқ тай ду ҳафтаи гузашта, 57 мавриди он дар ҳаволии садди Мавсил, буузргтарин садди Ироқ, сурат гирифтааст.

Садде, ки акнун пешмаргаҳои курд ва нерӯҳои давлатии Ироқ муддаъианд бо кумаки ҷангандаҳои омрикоӣ аз кунтрули шибҳнизомиёни Доъиш хориҷ шудаанд.

Image copyrightAFP
Image caption Ҷеймз Фулӣ аз ду сол пеш дар асорати шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ буд

Матолиби муртабит