Интишори 'филми сар буридани як хабарнигори омрикоӣ' ба дасти шибҳнизомиёни исломгаро

  • 20 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Ҷеймз Фулӣ, хабарнигори озод буд ва дар Ховари Миёна фаъъолият мекард

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" видиюе аз сар буридани як рӯзноманигори омрикоиро рӯи интернет мунташир карданд.

Ин хабарнигорро ба номи Ҷеймз Фулей муъаррифӣ карданд. Ӯ хабарнигори озод буд ва дар соли 2012 дар Сурия рабуда шуда буд.

Ин гурӯҳи шибҳнизомӣ эълом карданд, ки оқои Фулиро ба хотири ҳамалоти ҳавоии ахири Омрико ба мавзеъашон дар Ироқ мекушанд.

Ҳанӯз сиҳҳати ин видию ба таври мустақил санҷида нашудааст, аммо Кохи Сафед гуфта дар сурате, ки ин тасовир воқеъӣ бошад, Омрико "аз ин қатли ваҳшиёна мунзаҷир" мешавад.

Хонаводаи оқои Фулей дар Фейсбук навиштаанд: "Медонем, ки бисёре аз шумо ба дунболи посух ё таъйид ҳастед. Лутфан сабур бошед, то мо тамоми итилоъотро касб кунем. Хонаводаи Фулиро дар дуъоҳоятон фаромӯш накунед."

Оқои Фулей дар Ховари Миёна фаъъол буд ва барои вебсойти омрикоии "Глубол пуст" ва бунгоҳҳои хабарии дигар, аз ҷумла хабаргузории Фаронса кор мекард.

Хабарнигори дувум

Дар видиюе мунташир шуда, оқои Фулей дар либосе норинҷӣ, дар канори марде сиёҳпӯш ва мусаллаҳ дар ҷое, ки шабеҳи саҳрост зону задааст.

Марди мусаллаҳ, ки сураташро ҳам пӯшонда, инглисиро бо лаҳҷаи бритониёӣ ҳарф мезанад ва мегӯяд, ки марги ин рӯзноманигор ба хотири ҳамалоти ҳавоии Омрико алайҳи мавозеъи гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар Ироқ аст.

Омрико ахиран мавозеъи ин гурӯҳ дар шимоли Ироқро ҳадаф қарор дода буд ва ба ҷангҷӯёни ироқӣ ва курд барои бозпасгирии ин манотиқ аз дасти шибҳнизомиён кумак карда буд.

Дар баёнияе, ки "Глубол пуст" мунташир карда, аз мардум хоста шуда, то барои оқои Фулей дуъо кунанд ва омада, ки ҳанӯз наметавонанд сиҳҳати ин видиюро таъйид кунанд.

Давлати Омрико ҳам таъйид карда, ки видиюро дидааст.

Дар ин видию фарди дигаре ҳам дида мешавад, ки шибҳнизомиён ӯро ҳам гузоришгари омрикоӣ муъаррифӣ мекунанд.

Ҳаводорони ин гурӯҳ аз шибҳнизомиёни тундрав пештар таҳдид карда буданд, ки шаҳрвандони Омрикоро ҳадаф қарор медиҳанд ва гуфта буданд: "Ҳамаи шуморо дар хун ғарқ мекунем."

Ин гурӯҳ муттаҳам аст, ки теъдоди зиёде аз мардумро дар шимоли Ироқ ва шарқи Сурия куштаанд.

Хушунатҳои онҳо сабаби оворагии ҳудуди як милюну дувист ҳазор нафар аз мардуми Ироқ шудааст.

Гурӯҳи "Давлати Исломӣ", ки бо идеи барпоии хилофати исломӣ шакл гирифта, пайравони дини масеҳият ва эзидиҳоро мекушад. Бархӯрди онҳо бо шиъиён низ мушобеҳ аст.

Матолиби муртабит