Озодии як хабарнигори омрикоии рабудашуда дар Сурия

  • 25 Август, 2014
Image copyrightAP
Image caption Куртис дар ихтиёри гурӯҳи Ҷабҳаи нусрат буд

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, гуфт, ки Питер Теу Куртис, рӯзноманигори омрикоии рабудашуда дар Сурия озод шудааст.

Оқои Керрӣ якшанбеи 24 август бо эъломи ин хабар гуфт, ки оқои Куртис дар ихтиёри Ҷабҳаи нусрат будааст. Ин гурӯҳи шибҳнизомӣ дар ҳоли набард бо давлати Сурия аст.

Бо изҳори назари ҷудогона Сузон Ройс, мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида, таъкид кард, ки ин рӯзноманигори омрикоӣ басаломат аз Сурия хориҷ шуда ва базудӣ ба назди хонаводаи худ хоҳад баргашт.

Шабакаи телевизиюнии Алҷазира гуфта, ки озодии Питер Теу Куртис , ки дар соли 2012 дар Сурия рабуда шуда буд, бо миёнҷигарии мақомҳои Қатар сурат гирифтааст.

Ин рӯзноманигор чаҳор рӯз пас аз интишори видиюи сар буридани як рӯзноманигори омрикоии дигар тавассути гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ (Доъиши собиқ) озод шудаст.

Ин хабарнигор Ҷеймз Фулӣ ном дошт, ки дар соли 2012 дар Сурия рабуда шуд.

Дар поёни ин видию тасвири фарди дигаре ба намоиш дармеомад, ки Истивен Сутлуф, гузоришгари омрикоӣ, муъаррифӣ мешуд.

Шибҳнизомиён ҳушдор медоданд дар сурате, ки Омрико ҳамалоти худ алайҳи гурӯҳи Давлати Исломиро мутаваққиф накунад, оқои Сутлуфро ҳам хоҳанд кушт.

Ин гурӯҳ ва ҳампаймононаш дар шимоли Ироқ ва Сурия дар ҳоли набард бо нерӯҳои давлатӣ ва муттаҳидони он ҳастанд.

Матолиби муртабит