Доъиш як пойгоҳи ҳавоии муҳим дар шимоли Сурияро аз артиш гирифт

  • 25 Август, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Шодии гурӯҳе аз сокинони шаҳри Табақа баъд аз тасхири пойгоҳи ҳавоии минтақа тавассути Доъиш

Шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ (Доъиш) кунтрули яке аз пойгоҳҳои муҳимми ҳавоии артиши Сурия дар устони Раққа дар шимоли ин кишварро ба даст гирифтанд.

Пойгоҳи ҳавоии "Табқа" дар 45-килуметрии шаҳри Раққа, пойгоҳи аслии Доъиш дар Сурия, танҳо пойгоҳи низомии минтақа буд, ки артиши Сурия ҳанӯз кунтрули онро ҳифз карда буд.

Телевизиюни давлатии Сурия хабари ишғоли ин пойгоҳ ва тахлияи онро таъйид карда, аммо гуфтааст, ки нерӯҳои давлатӣ дар ҳоли басиҷи муҷаддад барои ҳамла ба ин пойгоҳ ҳастанд.

Ба гуфтаи Созмони назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Бритониё мустақар аст, дар даргириҳо бар сари кунтрули ин пойгоҳ даҳҳо сарбози артиши Сурия кушта шудаанд.

Шибҳнизомиёни "Давлати Исломӣ" ҳамалоти худ барои тасхири пойгоҳи ҳавоии Табқаро аз ҳафтаи гузашта оғоз карданд.

Ба гузориши Осушиэйтед Пресс, ин пойгоҳи ҳавоӣ бо теъдоди зиёде ҷанганда, чархбол, тонк, тӯпхона ва муҳиммот аз муҳимтарин пойгоҳҳои ҳукумати Сурия дар минтақа буд.

Баъд аз чанд талоши номуваффақ барои нуфуз ба дохили пойгоҳ дар рӯзҳои гузашта, шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ рӯзи якшанбе тавонистанд бо вуҷуди ҳамлоти ҳавоии артиш ин пойгоҳро тасхир кунанд.

Матолиби муртабит