Убомо: Мушкил Эрон нест, ифротгароии суннӣ аст

  • 7 Сентябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Оқои Убомо таъкид кардааст, ки Омрико ба Ироқ нерӯи заминӣ эъзом нахоҳад кард

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико аз кишварҳои араби Ховари Миёна хостааст, то талошҳои худро барои муқобала бо ифротгароии суннӣ афзоиш диҳанд.

Оқои Убомо дар суханоне дар барномаи "Мулоқот бо расонаҳо"дар шабакаи хабарии Энбиэс (NBS)-и Омрико гуфт: "Бисёр рӯшан аст, ки мо ниёз дорем, то кишварҳои суннӣ, на танҳо Арабистони Саъудӣ, балки (дигар) муттаҳидони мо монанди Урдун, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Туркия талошҳои худро афзоиш диҳанд."

Ӯ таъкид кард, ки "Хабари хуб ин аст, ки барои аввалин бор комилан мушаххас аст, ки мушкили пеши рӯйи давлатҳои суннимазҳаб, ки бисёре аз онҳо аз Муттаҳидони Омрико ҳастанд, Эрон ва ё мавзуъи шиъа ва суннӣ нест, балки афроди суннӣ аст, ки худро ба шакли Доъиш нишон дода ва бузургтарин хатари пеши рӯй аст."

Изҳороти раиси ҷумҳурии Омрико дар ҳоле унвон шудааст, ки нерӯҳои артиши Ироқ ва гурӯҳҳои пешмаргаи курд ва ҳамчунин нерӯҳои шиъаи ироқӣ дар чанд рӯзи гузашта мавқиферо алайҳи нерӯҳои "Давлати исломӣ" (Доъиш) ба даст овардаанд. Амалиёти ин гурӯҳҳо алайҳи нерӯҳои "Давлати исломӣ" аз ҳимояти ҳавоии Омрико бархӯрдор будааст.

Дар ҳамин робита оқои Убомо албата бори дигар таъкид кардааст, ки ин кишвар барои муқобала бо Доъиш ба Ироқ нерӯи заминӣ эъзом нахоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Омрико гуфт, ки рӯзи чаҳоршанбе (10 сентябр) дар суханоне истиротижии кишварашро дар қиболи "Давлати исломӣ" (Доъиш) эълом хоҳад кард.

Бисёре аз кишварҳои минтақа Эронро муттаҳам ба дахолат дар умури худ мекунанд. Ҳамчунин ин кишварҳо бавижа Арабистони Саъудӣ дар тули солҳои гузашта сиёсати мутафовут ва гоҳ мутазоде бо Эрон дар Ироқ, Сурия, ‌Яман, Лубнон ва Баҳрайн доштаанд.

Ба ҳамин далоил равобити Эрон ва бархе аз кишварҳои арабии минтақа дар тули солҳои гузашта сард будааст. Агарчи дар моҳҳои гузашта ва бавижа пас аз рӯйи кор омадани давлати Ҳасани Руҳонӣ дар Эрон талошҳое аз суи ду тараф барои беҳбудии равобит сурат гирифтааст.

Ҳамзамон зуҳур ва пешравиҳои Доъиш, ки як гурӯҳи суннимазҳаб аст, таваҷҷуҳотро ба мубориза бо ифротгароии суннӣ ҷалб кардааст.

Матолиби муртабит