Омрико мавозеъи "Давлати исломӣ" дар атрофи садди Ҳадисаро бумборон кард

  • 7 Сентябр, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Ашойири суннии ҳомии давлати Ироқ дар ҳифозат аз садди Ҳадиса дар қиболи пешравиҳои гурӯҳи суннии ифротии мавсум ба Давлати исломӣ нақши муассире доранд

Мақомоти омрикоӣ гуфтаанд низомиёни он кишвар дар чанд нуқтаи ғарби Ироқ аз тариқи ҳаво ба мавозеъи шӯришиёни ифротии мавсум ба "Давлати исломӣ" ҳамла кардаанд.

Ҳамалоти низомии Омрико дар минтақаи сади Ҳадиса, дувумин сади бузурги Ироқ муттамаркиз будааст.

Садди Ҳадиса бар рӯди Фурот дар устони Анбор дар ғарби Ироқ сохта шуда ва дар ҳудуди 180 килуметрии шимоли ғарбии Бағдод қарор дорад.

Мақомоти омрикоӣ гуфтаанд ҳамалоти ҳавоии он кишвар барои ҳимоят аз нерӯҳои ироқӣ анҷом шуд, ки аз ин сад дар қиболи ҳамалоти ифротиёни мусаллаҳи суннимазҳаби вобаста ба 'Давлати исломӣ' ҳифозат мекунанд.

Шӯришиён, ки кунтрули чандин сади Ироқро дар ҳадаф доштанд, пештар муваффақ шудаанд, ки кунтрули садҳои Мусил ва Фаллуҷаро ба даст гиранд, аммо садди Ҳадиса то кунун дар кунтрули нерӯҳои давлатии Ироқ ва ашойири суннии ҳомии давлат дар минтақа боқӣ мондааст.

Пештар гузориш шуда буд, ки пешмаргаҳои Курдистони Ироқ тавонистаанд бо кумаки ҳамалоти ҳавоии Омрико кунтрули иртифоъоти мушарраф ба шарқи Мусилро аз кунтрули шӯришиён хориҷ кунанд.

Ҳар гурӯҳе ки ин иртифоъотро дар даст бигирад, метавонад доманаи онро ҳам ба суҳулат таҳти кунтрул дошта бошад.

Гузориш шудааст, ки дар ҷараёни даргириҳо барои дар ихтиёр гирифтани кунтрули ин минтақа беш аз 30 нафар аз шӯришиёни 'Давлати исломӣ' кушта шудаанд.

Бо ин ҳол гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ ҳамчунон кунтрули шаҳри Мусилро дар даст дорад.

Пешмаргаҳои курди Ироқ як ҳафта пеш низ тавонистанд бо ҳимояти ҳамалоти ҳавоии Омрико кунтрули таъсисоти нафтӣ дар наздикии Мусилро ҳам аз дасти гурӯҳи Давлати исломӣ хориҷ кунанд.

Бо ин ҳол барномае барои озодсозии шаҳри Мусил ҳануз вуҷуд надорад.

Матолиби муртабит