Муҳосираи Омерлӣ дар Ироқ "шикаста шуд"

  • 31 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Нерӯҳои ироқӣ ва ҷангҷӯёни туркман дар атрофи Омерлӣ. Акси: 4 август

Гузоришҳо аз Ироқ ҳокӣ аст, ки муҳосираи шаҳри Омерлӣ дар шимоли шарқи ин кишвар, ки аз ҳудуди ду моҳ пеш дар муҳосираи шибҳинизомиёни Давлати исломӣ (Доъиш) буд , шикаста шудааст.

Артиши Ироқ дирӯз шанбеи 30 август бо пуштибонии гурӯҳҳои мусаллаҳи шиъа ва курд ва бо ҳимояти ҳамалоти ҳавоии Омрико амалиёти густардаеро барои поён додан ба муҳосираи ин шаҳр оғоз кард.

Омерлӣ маҳали сукунати ҳудуди 15 ҳазор нафар аз ақаллияти туркмани Ироқ аст, ки шиъамазҳаб ҳастанд. Шибҳинизомиёни "Давлати исломӣ" шиъиёнро кофар медонанд.

Дар ин ду моҳ борҳо нисбат ба вазъияти сокинони ин шаҳр ҳушдор дода шуда буд ва ҳафтаи гузашта ҳам Созмони Милали Муттаҳид хоҳони ҷилавгирӣ аз қатли ом дар Омерлӣ шуда буд.

Дар ҷараёни амалиёти ахири нерӯи ҳавоии Омрико, Бритониё, Фаронса ва Устролиё дар кумакрасонии ҳавоӣ ба сокинони Омерлӣ ширкат доштаанд.

Манобеъи ироқӣ дар гуфтугӯ бо Би-би-сии арабӣ бо таъйиди хабари шикасти муҳосираи Омерлӣ аз ба асорат гирифтани 15 пайкорҷӯи Доъиш хабар додаанд.

Манобеъи наздик ба артиши Ироқ гуфтаанд, ки шикасти муҳосираи Омерлӣ танҳо ҳадафи амалиёти онҳо нест, балки нерӯҳои низомӣ дар пайи боз кардани дубораи ҷоддае ҳастанд, ки Бағдодро ба шимоли Ироқ васл мекунад. Нерӯҳои Доъиш ин ҷодаро масдуд кардаанд.

Ҳамзамон нахуствазири Устролиё эълом кардааст, ки давлати ин кишвар бо дархости Омрико барои ирсоли кумаки таслиҳотӣ ба нерӯҳои пешмарги курд дар шимоли Ироқ мувофиқат кардааст.

Тунӣ Абут гуфт Устролиё бо ин иқдом ба кишварҳои Омрико, Бритониё, Конодо, Фаронса ва Итолиё хоҳад пайваст, ки дар ҳоли кумаки низомӣ ба курдҳои Ироқ барои муқобала бо Доъиш ҳастанд.

Матолиби муртабит